Дар истилоҳи фарҳангӣ луғати забони русӣ-тоҷикӣ назар афканем, маънои “Реставратсия” таъмир карданро ифода мекунад. Барои нигоҳ доштани намуди зоҳирии маҳсули қадимаи ҳунарҳои Шарқӣ ин кандакорӣ ба шумор меравад, ки дар манотиқи кишварамон то имрӯз рушд ёфта истодааст. Аз ороиши ин ё он ҳунарҳои кандакорӣ ба монанди дарвоза маълум мегардал, ки устоҳои моҳир санъати кандакории анъанаҳои асри гузаштаро бо ҳунари ҳотамкорӣ ва кандакорӣ ба таври васеъ нишон дода тавонистанд. Дар тасвирҳо гулу гулкории зебо кашида шудааст, ки бо як миқдори ҳайратангез хушрангу қашанг офариданд. Санъати муосири кандакории аз чӯб офаридаи ҳунармандони халқи тоҷикон таърихӣ ҳазорсола дорад, ки чун санъати ороишӣ идома дорад ва дар ҷойҳои маърифатӣ истифода бурда мешаванд.
Ба ин хотир, таъмири ороишӣ барқарор намудани ҳусни зоҳирии дарвозаи даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз ҷониби устоҳои ҳунарманд аз нав ороиш ва рангубор карда шуданд, ки айни муддаост.
Инчунин, дар пештоқи даромадгоҳи осорхонаи таърихӣ дар гӯшаҳои роҳрав, чун санъати ороишӣ гулдонҳо бо чамангулҳои рангоранг гузошта шудаанд, ки тасвири тобиши ҳусни дарвозаи осорхонаи таърихиро дигаргун месозад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”