Санаи 24-октябри соли равон, зимни боздид аз таърихи тамаддуни қадимаи халқи тоҷик, як гуруҳ меҳмонони Мудофиаи дифоъи Ҷумҳурии исломи Эрон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Дар толори Осорхонаи таърихӣ меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам гуфт. Сипас роҳбалади осорхона, Мусоев Шакарбек гуруҳи меҳмононро сайри илмӣ гузаронида аз таърихӣ қадимаи халқи тоҷик ошно намуд.
Зимни боздид аз осорхонаи таърихӣ таваҷҷуҳи меҳмононро дастхатҳо, нигораҳои қасрҳои муҳташам, сутунҳо ва ҳайкалҳое, ки дар тахти Ҷамшед қомат афрӯхта буд, аз рамзи тамаддуни таърихи қадима бозгӯи мекунад, нигарон кард.
Сониян, меҳмонон таассуроти худро ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” бо як меҳру марҳабо ёддошт намуданд:
“Дар таърихи 24-октябри соли 2023 дар моҳи обонмоҳи 1402-и Эрон аз осорхонаи Хуҷанди бузургшаҳри ҷаззоб таърихи кишвари қадима дорад, ошно гардидаем. Обод бошед”.
Маврид ба зикр аст,ки дар доираи густариши байни кишварҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маданияти таърих, забон, дин ва урфу одатҳои хоси фарҳангӣ дорад, ки анъанаҳои қадимаи тамаддуни таърихро дар байни дигар миллатҳо собит месозад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилооти
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”