Аз қадимулайём халқи тоҷик ҳамчун халқи инсондӯст ва меҳмоннавоз мебошад. Меҳмону меҳмоннавози иззат у икроми зиёдеро талаб мекунад, ки бинобар ин мо бояд нисбати меҳмон лутфу карами беандозаеро раво бинем.
Ба хотири меҳмоннавози ташрифи меҳмонон аз ҷойҳои мавзеъҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд, дар доираи барномаи бурдубоши ҳайати Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.
Тибқи барномаи боздид, санаи 23.10.2023 гурӯҳи меҳмонон ба Осорхонаи таърихи вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф фармуданд. Дар толори осорхонаи таърихӣ меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам гуфт. Сипас, роҳбалади дараҷаи олӣ Мирзоева Иноятхон гурӯҳи меҳмононро сайри илмӣ гузаронида аз таъриху фарҳангӣ қадимаи халқи тоҷик ва анъанаву адабиёти қадимаи халқи тоҷик ошно намуд.
Баъдан, меҳмонон таассуроти хешро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” бо чунин зайл ёддошт намуданд:
“Аз номи бурдубошти ҳайати Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон барои сайри илмии самимона ва дӯстона миннатдории худро мерасонам. Барои халқи бародари тоҷик тинҷӣ ва ҳамеша пешравиро орзумандам. Бигзор, дӯстию хешованди байни халқи узбеку тоҷик абадӣ боқӣ бимонад”.
Бо эҳтироми хоса У. Мухамедов.
Баъдан, меҳмонон аз Хона - музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд. Бахусус аз санъати меъмории қадимаи ҳуҷраҳои хона-музей, ҳуҷраи тадрисгоҳ бо асарҳои безаволи классикон ошно гардида аз пайравии шоирони классики беҳамтои узбеку тоҷик, ки робитаи маънавӣ доштан ёдовар шуданд.
Бояд гуфт, ки чунин дидори таърихимон яке аз лаҳзаҳои хотирмони ифтихоромези байни ду миллати фарҳангдӯст дар шаҳри Хуҷанд буд. Дидан намудан аз чунин мавзеъҳои ёдгориҳои қадимаи таърихӣ нишон медиҳад, ки байни кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Узбекистонро боз ҳам густариши равобити боздид тақвият мебахшад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”