Асари мазкур таълифи хушнависи маъруф Қозӣ Аҳмад Муншии Қумӣ (1546 – 1606) мебошад. Рисолаи мазкур аз зумраи беҳтарин сарчашмаҳоест, ки дар бораи шарҳи ҳоли хушнависону нигоргарон, саҳҳофону тазҳибкорони аҳди Шайх Камоли Хуҷандӣ иттилоъ медиҳад. «Гулистони ҳунар» соли 1015/1598 нигориш ёфта, дар соли 1015/1606 нигорише дигар аз он бо ҳазфу изофаҳо нисбат ба нусхаи қаблӣ сурат пазируфтааст.
«Гулистони ҳунар» аз дебоча, муқаддима, чор фасл ва як хотима иборат мебошад, ки ба шарҳи зайл таълиф ёфтааст:
Дебоча бо ҳамди Худои таъоло, наъти Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, васфи имомони исноашара ва ситоиши Шоҳ Аббоси аввал суруда шуда, китоб ба хони замони муаллиф Фарҳодхон Қаромонлу тақдим шудааст. Муқаддимаи китоб дар боби аҳдоси қалам, пайдоиши хат ва устодони он, наққошони машҳур, ҷилдсозон, тазҳибкорон ва монанди инҳо бахшида шудааст. Фасли аввали китоб «Дар баёни хати сулс ва мо йушаббаҳ биҳи ва пайдо шудани он» унвон дошта, дар он зикри панҷоҳу ҳашт тан аз устодони хати сулс, монанди Ҷамолуддин Ёқути Мустаъсамӣ, Арғуни Комилӣ, Насруллоҳи Табиб, Муборакшоҳи Зарринқалам, Саййид Ҳайдари Ганданавис, Абдуллоҳи Сайрафӣ, Мирзо Султон Иброҳим и. Мирзо Шоҳрух, Ҳоҷӣ Муҳаммад Банддўзи Табрезӣ, Амри Ақтаъ, Мавлоно Маъруф Хаттоти Бағдодӣ, Абдуллоҳи Таббох, Мавлоно Шамсуддини Бойсунғурӣ ва ғ. ёд шудааст. Фасли дувум «Дар зикри хушнависони таълиқ» бо зикри сиву ҳашт тан аз устодони он, амсоли Хоҷа Абдулҳайи Астарободӣ, Мавлоно Ҳоҷӣ Алӣ Муншии Астарободӣ, Хоҷахони Туғроӣ, Мавлоно Идрис, Хоҷа Мир Муҳаммад Муншии Қумӣ, Хоҷа Атиқи Муншӣ, Мирзо Руҳуллоҳ, Ҳоҷӣ Мираки Муншӣ ва ғ. ва фасли савум «Дар зикри хушнависони настаълиқ» бо шасту ҳафт тан аз устодони он, аз ҷумла Миралии Табрезӣ, Мавлоно Абдурраҳими Табрезӣ, Мавлоно Симии Нишопурӣ, Мавлоно Камолуддин, Маҳмуди Рафиқӣ, Мавлоно Маҷнуни Чапнавис, Мавлоно Шайх Абдуллоҳи Котиб, Султон Муҳаммади Хандон, Мавлоно Ҳасаналӣ, Мавлоно Муҳаммади Машҳадӣ ва ғ. ихтисос дода шудааст. Муаллиф фасли чаҳорумро «Дар зикри аҳволи наққошон» унвон гузошта, дар он чиҳилу як нафар аз олимону устодони ин фанро мухтасар баён менамояд. Дар хотимаи китоб Қозӣ Аҳмад шарҳи аҳволи наққошон, музаҳҳибон, акссозон, қотеон, рангомезону саҳҳофонро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Яке аз хусусиятҳои асар ин аст, ки муаллиф зимни муаррифии хаттотон, наққошон ва ҳунармандоне, ки шоиртабъ буданд, монанди Абдурраҳим Анисӣ, Симии Нишопурӣ, Султоналии Машҳадӣ, Миралии Ҳиравӣ, Абдуллоҳ Котиби Ҳиравӣ, Шоҳ Маҳмуди Зарринқалам, Мир Ҳусайн Саҳвии Табрезӣ ва ғ.-ро бо намунаи ашъорашон зикр намудааст.
Қобили зикр аст, ки муаллиф дар «Г.ҳ.» чанд хушнависон, мисли Абдуллоҳи Котиб, Алоуддини Табрезӣ, Абдурраҳими Хоразмиро зикр намудааст, ки аз зумраи котибони рўнависнамудаи «Девон»-и К.Х. маҳсуб гардида, маҳсули кори онҳо то ҳол дар китобхонаҳои ҷаҳон, монанди Туркия, Олмон, Ҳиндустон ва Эрон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
Нусхаҳои хаттии асар дар китобхонаҳои мухталифи ҷаҳон, амсоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Ҳинд, Туркия, Русия, Эрон ва ғайра, ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд ва то ин дам борҳо нашру тарҷума шудаанд. Аз ҷумла, с.1973 бо тасҳеҳу эҳтимоми Аҳмад Суҳайлии Хонсорӣ, аз рўи нусхаи маҳфузи Маскав таҳия шуда, дар Теҳрон ба табъ расидааст. С.1947 ховаршиноси маъруфи шўравӣ, профессор Борис Николаевич Заходер «Гулситони ҳунар»-ро, ки ба забони русӣ тарҷума карда буд, дар Маскав ба табъ расонид, вале нуҳ саҳифаи дебочаи он, ки аз касрати истиороту киноёт қобили тарҷума набуда, матни аслии онро дарҷ намудааст. Ғайр аз ин, с.1959 профессор Владимир Фёдорович Минорский асари мазкурро бо муқобалаи нусхаҳои Лондон, Осафия ва Маскав ба забони англисӣ тарҷума кард ва дар Вашингтон ба нашр расонид.
Аз навиштаҳои боло метавон чунин натиҷабардорӣ намуд, ки «Гулистони ҳунар» аз зумраи беҳтарин ва судмандтарин тазкираест, ки дар шинохти хатту хаттотон, ҷилдсозону тазҳибкорон ва наққошону нигоргарон саҳми назаррас дорад.
Исобоев Даврон - мудири шуъбаи дастхатҳо
ва табъу нашр