Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зери дарахти сояафкан

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҳақиқат инсон зери дарахти сояафкан ҳаловат мебарад. Сояи дарахт барои эмин нигоҳ доштан  аз  ҳарорати баланди офтобӣ, чун чатр хизмат мекунад. Дигаре, пажмурдашавии рангҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои беруна ба монанди шуъои офтоб, борон, доғҳо, намнокӣ зарар расонидан  ва ғ. паст мегардад.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихи ”Қалъаи Хуҷанд”, яке аз макони дилфиреби сайру тамошо тадбил ёфтааст, ки  лаҳзаҳои нишасти фароғатӣ  дар зери сояи дарахтони сояафкан,  фаввораҳои боғи истироҳатӣ бо рӯшноии чароғҳо шомгоҳон  муҳити атрофро ҷаззоб мегардонад. Гуфтан  ба маврид аст, ки  кормандон ва боғдорони боғи фарҳангӣ дар доираи корҳои ободию созандагӣ заҳматҳои арзанда фароҳам оварда истоданд. Мавзеъҳои боғи фароғатӣ бо зебогии хосаш  макони сайру гашти доимии сокинону меҳмонон гардидааст. Фаввораҳои зебои дилфиреб, гулу гулбуттаҳои рангорангу назаррабо ва дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороиши ҳусни нотакрор мебахшанд.  Бояд  гуфт, ки барои истироҳати сокинону меҳмонон дар ҳудуди боғ 65 адад курсиҳои гуногун шинонида шудаанд , ки  бо ҳайкалчаҳою  паррандагони афсонавӣ ва ҳайвонот диққатҷалбкунанда мебошанд.

Ба ин хотир, аз ҷониби корманди Боғӣ фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ , Азимов Абдуҷаббор рассом-танзимгар  барои истироҳаткунандагон шароит фароҳамовардшуда  тозаву озода нигоҳ доштан  курсиҳои ҳудуди боғ рангубор карда шуданд.

Минбаъд, боғи фарҳангӣ бо шароити мусоиди истироҳату фароғатӣ барои сокинону меҳмонон  ҷойи дӯстдошташуда  хоҳад монд .

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗери дарахти сояафкан
Scroll to Top