Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Пахта боигарии давлат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Пахтаро тиллои сафед мегӯянд ва он боигарии асосии кишварамон маҳсуб меёбад.  Он зироати машҳур ва хеле қадимӣ буда, таърихи ҳазорсола дорад. Агарчанде растании бисёрсола аст, дар зироаткорӣ ҳамчун растании яксола  парвариш карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксари ноҳияҳо, ба ҷуз минтақаҳои баландкӯҳ  парвариш меёбад.

Таваҷҷуҳи  давлату ҳукумати кишвар ба ин соҳаи кишоварзӣ сол аз сол афзун гашта истодааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфта, кишоварзонро ба ин соҳа дубора дилгарм намуд. Ҳоло мавсими ғунучини пахта асту ҳосил дар замин фаровон. Марди деҳқон кӯшиш дорад, аз ҳавои мусоиди офтобӣ истифода бурда, ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи худро саривақт ва беталаф ғунучин намоянд.

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояти Суғд ва ҳамаи соҳаҳои давлатӣ бо мақсади кӯмак ба марди деҳқон ба саҳро баромада истодаанд. Дар қатори дигар корхонаҳо, кормандони Мақомоти давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ ҳар ҳафта ғайратмандона паҳлӯ ба паҳлӯи саҳмдорон истода, дар афзуннамоии хирмани пахта кӯмак менамоянд. Санаи 15 - уми октябри соли равон, кормандони маҷмаа ба ноҳияи Б.Ғафуров, бригадаи 23-юм, минтақаи Шӯркӯл ба ғунучикини пахта баромада, саҳми худро гузоштанд.

Саидова Дилором - корманди илмии шуъбаи таърих

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПахта боигарии давлат
Scroll to Top