Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боғи гулзор

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл гулзор ҷое мебошад, ки дар он гул мерӯяд. Асосан гулҳои ороиширо дар боғу гулбоғҳо, канори кӯчаҳо, хиёбону гулгаштҳо мешинонанд. Барои зебогии манзараҳои табии гулҳои рангоранги як, ду ва бисёрсоларо истифода мебаранд. Гулҳо аз чиҳати намуд басо рангоранг ва гуногун мешаванд. Бояд гуфт, ки гулбоғ ҷои дилрабое мебошад, ки  мардум  дар он ҷо сайру гашт мекунанд.

Ба хотири сайру гашт ва истироҳати мардум ва зебогии боғи фароғатӣ аз ҷониби боғбонони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷанди Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, якчанд намуди сабадгули (Хризантема) рангоранги ороишии ба миқдори то 3000 шинонида шуданд, ки дар мавсими фасли тирамоҳу зимистон тобовар мебошанд. Бояд гуфт, ки барои нашъу нумуъ нишон додани гулҳои рангоранг боғбонон дар шаклҳои муайяни геометрӣ доира, секунҷа, чоркунҷа, ситорашакл намуди манзараҳои табии барпо менамоянд.

Дар истилоҳи фарҳанги забони русӣ-тоҷикӣ вожаи  “Хризантема”, маънои гули довудӣ, гиёҳи яксола ва ҳарсола шарҳ дода шудааст. Ҷинси  чунин  сабадгулҳо 42 намудро дар бар мегиранд, ки дар минтақаҳои муътадил ва шимоли кураи замин, асосан дар Осиё мерӯянд. Навдаҳояш бараҳна ё барҷаста  мебошанд, ки баргҳояш бо тартиби алтернативӣ оддӣ, пурра, дандоншакл, дандонадор, ҳаҷм ва шаклашон гуногун ҷойгир ва дар шакли сабад ҷамъ шудаанд, ки бо забони халқи “Чамангул” ҳам мегӯянд. Барои равшании рангҳои сабадгулҳое, ки ба тарзи осони бо табиат  мутобиқ мегарданд, аз ҷониби боғдорон қадрдонӣ карда мешаванд.

Инчунин, боғбонон ҳангоми интихоби гулҳои ороишӣ ба хусусиятҳои биологӣ диққати махсус медиҳанд. Сифати ороишии сабадгулҳои рангоранг ба нигоҳбинии хуб, нармкунии хок, нест кардани алафҳои бегона, обмонии мунтазаму бамаврид ва ғизодиҳӣ вобастагӣ доранд.

Албатта, гуфтан ба маврид аст, ки шинонидани чунин намуди сабадгулҳои рангоранги ороишӣ дар боғи фароғатӣ барои сайру гашти сокинон ва меҳмонони хориҷиву ватанӣ дар мавсими фасли тирамоҳи заррин  басо гуворо аст, ки бо ҳайкалу муҷассамаҳо ва фаввораҳо боғи гулзорро зиннату хушрангу зебо мегардонад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоғи гулзор
Scroll to Top