Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Марафон-варзиши сабук

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо мақсади гузаронидани марафон бо иштироки сайёҳони хориҷӣ, ки аз даҳ давлати дунё ва зиёда аз 20 нафар ба кишвари Тоҷикистони офтобрӯя, бахусус ба Хуҷанди бостонӣ ташриф намуданд, ки ин иқдом барои рушди сайёҳи созгор мебошад. Бояд гуфт, ки давидан яке аз намудҳои асосии варзиши сабук ба ҳисоб рафта, касоне бо он машғул мешаванд, чусту чолок, ҷасуру моҳир ва тавоно хоҳанд монд. Аз ҷиҳати тиббӣ ин намуди варзиш барои саломатӣ, дуруст инкишоф ёфтани шахс аҳаммияти бузург дорад.

Барои боз ҳам инкишоф ёфтани ин намуди варзиши сабук бо ибтикори роҳбари ширкати ҶДММ “Сайёҳати кӯҳҳои Тоҷикистон” Имомов Беҳзод, марафони варзиши сабук  бо иштироки  сайёҳони хориҷӣ, минҷумла аз кишварҳои  Фаронса, Лаҳистон, Амрико, Олмон, Канада, Қатар, Ҳолланд, Шветсария, Австралия ва Дания, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид. Роҳбари марафон Зияд Раҳим аз давлати Покистон, иброз дошт, ки мо тӯли чанд рӯз мешавад, ки аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон дидан намудем. Бояд гуфт, ки аз байни давлатҳо беҳтарин  ҷой ин боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба назар мерасад, ки барои варзишгарон роҳраваш ҳамвор, боду ҳавояш тоза ва барои давидан хело кулай ва осон мебошад. Бояд ҳар як иштирокчии марафон  масофаи то 30 км-ро тай намоянд.

Давидан ба тарзи озод ва масофаи тайшуда вақташ гуногун мебошад. Иштирокчиёни марафон аз давлати Қатар, Абдураҳмон  Аҳмад масофаи 10 км-ро ба муддати 54 дақиқа ва аз Арабистони Саудӣ Саад Салмон масофаи 10 км-ро ба муддати 59 дақиқа ба анҷом расониданд. Инчунин, Парвона Моаяди форсзабон аз Амрико гуфт, ки тӯли 23 сол мешавад, ки ман бо ин варзиш машғул ҳастам, зиёда аз 80 давлати ҷаҳон дидан намуда, рекорди марафонро иҷро намудам. Дар идомаи суханаш гуфт, ки шаҳри Хуҷанд бисёр зебо дарёи Сир обаш равон, таомҳои миллӣ хушмазза, меҳмононнавоз, боғи истироҳатӣ дилкушо аз диданаш  дил гум мезанад.

Дар ин марафон намояндагони воситаи ахбори омма аз телевизони вилояти Суғд, рафти чорабиниро наворбардори ва бо иштирокчиён мусоҳиба намуданд.

     Гуфтан ба маврид аст, ки бо назардошти оне ки кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо тамоми давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дохилӣ робитаи ҳамкорию дипломатӣ дорад, дар ҳамин замина марафон чун ҳаракати миллӣ миллатро ба ҳам меоварад. Яъне, марафон ифодагари  муттаҳидии миллат мебошад.

 Умед ба он равона кард, ки бо ташаббуси ширкати ҶДММ “Сайёҳати кӯҳҳои Точикистон” ба ин намуди варзиш бо ин машқҳо тамрин гардида, дар ҳама ҷо чун воситаи беназири нигоҳдори ва барқароркунии саломатӣ, обутобёбии ҷисмонии бадан хуб шинохта мешавад.

Албатта, машқ намудан бо варзиши сабук на танҳо барои саломатӣ, балки барои муаррифии ин ё он давлат низ лозим аст.

Дар ин мусобиқаи марафон дӯстии халқҳо ғалаба кард.

 Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМарафон-варзиши сабук
Scroll to Top