Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Эҳёи ҳунари қуроқдӯзӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола аз шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд баҳри ғанигардонии маъхази осорхона ашёҳои таърихӣ – фарҳангӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ карда мешавад. Дар ҷаласаи навбатӣ низ кормандони илмии Осорхона якчанд ашёҳои таърихӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ намуданд. Дар қатори ашёҳои ҷамъоваришуда чимилиқи қуроқ, кӯрпачаи қуроқ ва болиштҳои қуроқ ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Қуроқдӯзӣ - яке аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон буда, бо он асосан занҳо машғул мешуданд.  Қуроқдӯзиро дар баъзе ноҳияҳо қаламарезгӣ низ мегӯянд. Қуроқ маснуоти пурнақшу нигорест, ки аз матоъпораҳои гуногуни чоркунҷа, секунҷа ва росткунҷа дӯхта мешаванд. Дӯзандагон ҳангоми барои пероҳан ва ё камзӯлу болопӯш пора кардани матоъҳо, порчаҳои боқимондаи онҳоро намепартофтанд. Аз матоъпораҳои боқимонда кӯрпа, кӯрпача, чойникпӯш, дастурхон, чимилиқ, қоши болишт ва ғайраҳоро медӯхтанд. Қуроқдӯзӣ касби пурмашаққат буда, ҳунармандон кӯшиш мекунанд, ки пораҳои боқимондаи секунҷа ва чоркунҷаи матоъро моҳирона ба ҳам часпонанд ва аз он як манзараи зебоеро пайдо намоянд. Маъмултарин нақшҳои қуроқдӯқзӣ ромб ва чортарк буданд, ки унсурҳои онҳо салиби кач ё ростро ба вуҷуд меовард.

Вобаста ба ҳунари қуроқдӯзӣ дар байни мардум нақлу ривоятҳои гуногуне мавҷуд аст. Аз рӯи гуфти онҳо агар дар навхонадорон маснуоти қуроқ бошад, ҳатман онҳо серфарзанд хоҳанд буд. Аз ин рӯ дар ҷиҳози ҳар як духтар маҳсулоти гуногуни қуроқӣ, ба монанди болишт, кӯрпаю кӯрпача, чимилиқ ва ғайра мавҷуд буд. Ҳамчунин маснуоти қуроқ вазифаи нигаҳбонӣ ва ҳимояи одамонро иҷро мекард. Тибқи бовариҳои мардум дар хонае, ки маҳсулоти қуроқ ҳаст, қувваҳои бад ба аъзои оила зарар расонида наметавонистанд. Барои ҳамин, ба кӯдаки навзод аз маҳсулоти қуроқӣ кӯрпача, болиштча, дастбанду побанд ва гаҳворапӯш медӯхтанд,то ки аз қувваҳои бад кӯдакро нигаҳ дорад.

Имрӯзҳо аҳаммияти қуроқ чун воситаи муҳофизатӣ аз байн рафта, маснуоти қуроқӣ, ба яке аз навъҳои анъанавии санъати амалӣ, ки дар навбати аввал аҳаммияти ороишӣ дорад, табдил ёфтааст.   

Бо эълон шудани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сафи ҳунармандони қуроқдӯз низ зиёд гардиданд. Яке аз чунин зани ҳунарманд, ки солҳои зиёд бо ин ҳунари аҷдодӣ машғул аст, сокини шаҳри Хуҷанд Қодирова Дилрабо мебошанд. Маҳсулоҳои дӯхтаи он кас аз қабили дастархон, кӯрпачаю бодбезак ва дастбанду побандҳои кӯдакона мебошад,  ки бо рангорангии худ диққати касро ба худ ҷалб мекунад.

Ҷиҳозе, ки бо усули қуроқдӯзӣ таҳия мегардад, баёзи орзуву омоли халқи тоҷик буда, қадру қиммати махсус дорад.

Саидова Дилором – корманди илмии шуъбаи таърих

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЭҳёи ҳунари қуроқдӯзӣ
Scroll to Top