Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Пораи бозёфтҳо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бостоншиносӣ, археология – илмест, ки таърихи ҷамъияти инсониро дар асоси ёдгориҳои маданияти моддӣ меомӯзад. Ба маънии васеъ онро таърихи замони гузашта низ меноманд.

Агар дар умум нигарем, бостоншиносӣ усули асосиаш омӯзиши ёдгориҳои археологии ҳафриёт мебошад. Бо заҳмату талошҳо бостоншиносон асбобу афзор ва маҳсулоти истеҳкомӣ ба монанди зарфҳо, маҳсулоти ороишию зиннатдиҳӣ, пораҳои сафолӣ ва ғайраҳо маводҳои тадқиқшуда дар натиҷаи кофтукофҳо ба даст омаданд.

Бояд гуфт, ки дар Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ба номи академик Нуъмон Неъматови Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бозёфтҳои бостоншиносӣ ба миқдори умумии экспонатҳо  771 адад аз инҳо 658 адад экспонатҳои асоси ва 113 адад ашёҳои ёрирасон баҳри тамошобинон гузошта шудаанд.

Аз ҷониби мудири шуъбаи таърих Маҳмудов Нурулло  маводи пораҳои маснуоти сафолини нақшу нигорадории тааллуқ ба асри XVIII-XIX  доранд, даврабанди карда шуда истодааст.  Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар бозёфти пораҳои ашёҳои сафолӣ тамошобинро ба фаҳмиши таърихи қадим ва аз дарки маънавиёти ниёгони тоҷикон ошно месозад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПораи бозёфтҳо
Scroll to Top