Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Йорк Шуграф

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федиративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаноби Йорк Шуграф бо ҳайати ҳамроҳонаш дар доираи сафари корӣ аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ,  муассисаҳои таълимии ғайридавлатии хусусӣ ва аз факултети забонҳои хориҷии Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва аз ҷумла, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” диданд карданд. Меҳмононро омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М. Т. пешвоз гирифта, аз таъриху пайдоиши осорхона маълумоти пурра доданд.

Тоҷикон, ки таъриху куҳану фарҳанги пурғановат доранд ва аз ин сарвати бебаҳои миллии худ ифтихор доранд ва барои  шиносоӣ пайдо кардан аз таърихи  тоҷикон аз тарафи роҳбалади осорхона Мусоев Ш. сайри илмӣ гузаронида шуд. Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст ва мо бояд аз гузашта сабақ гирифта, дурнамои ояндаамонро муайян созем. Баъд аз фарҷоми боздид меҳмонон дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таасуроти худро чунин нигоштанд:

     Ташаккур ба директори осорхона, ки ба мо таърихи тӯлонӣ ва ғании шаҳри Хуҷандро пешкаш намуданд. Умедворам, ки дар оянда осорхона  боз ҳам ба пеш меравад ва беҳтаринҳо меоянд. Ба мардуми Тоҷикистон бурдбориҳову комёбиҳо тамнно дорам.

  Огоҳии хуб аз таърихи фарҳанги куҳан на танҳо ифтихори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамаддунҳо ва халқҳои гуногун дар шароити мурраккаби дунёи муосир мусоидат карда, ба густариши сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар охир аз тарафи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Йорк Шуграф китоби “Зебогиҳои Олмон” ҳадя гардид.

Сайфиева Ш – Мудири шуъбаи оммавӣ – фарҳангӣ

ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Йорк Шуграф
Scroll to Top