Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Товус-рамзи зебогӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар истилоҳи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, товус мурғе, ки парҳои рангоранги зебо дорад, ифода ёфтааст. Яъне, товус мурғи калоне ки парҳои рангоранги зебо, вале пои безеб дошта, думи наринаи товус мисли соябон кушода паҳн гардида баланд мешавад. Товусро яке аз паррандагони мурғи ҷаннат ҳам ном мебаранд, чунки як навъи хушрӯй аз оилаи тазарвиҳо шинохта шудааст. Товус ду намуд, муқаррарӣ ва кабудбол мешавад. Товуси муқаррарӣ ин нарина буда, хело хушранг аст, ки дарозии танаш аз 100-125см, думаш 40-45см буда, парҳои болои думаш, ки онҳоро иштибоҳан дум меҳисобанд, хеле дароз 120-130см дошта чашмакҳои базеб дорад. Инчунин сар, гардан, қафаси синааш кабуд, пушташ сабз ва шикамаш сиёҳ мебошад.

Товуси модина бошад, нисбатан хурдҷусса буда, парҳои дароз надорад ба монанди товуси нарина хушранг нест. Бояд қайд намуд, ки товусҳо дар нимҷазираи Ҳиндустон ва ҷазираи Шри-Ланка маскан гирифтанд. Товус дар байни мардуми Шарқ аз қадимулайём машҳур гардидааст, ки қисман ин намуди паррандагон хонагӣ ҳам шудаанд.

Басо рамзист, ки дар майдони даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар байни гулҳои ҳамешасабз муҷассамаи товусҳои рангоранг қомат афрохтаанд, ки бо зебогиашон бинандаро мафтуни худ мекунад. Ба назар чунин метобад, ки гӯё дар ҳамин ҷой лона монда бошанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки товусҳо нармбадан буда, дар шуъои офтоб ранги парҳояш форам ва ҷилодиҳанда мешаванд. Бешак, гузаштагонамон ба товус ташбеҳ дода нагуфтанд, ки монанди паррандаи товус хиромонрафтор, зебопараст бош, яъне, дар зиндагӣ мо бояд, ҳамеша одами зебо, хушрӯй ва хушрафтор  бошем, чунки товус-рамзи зебогӣ буда ва ин тақлиди ҳаёт аст.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТовус-рамзи зебогӣ
Scroll to Top