Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми кишвари азизро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории кишвари Тоҷикистон аст, самимона табрику муборакбод менамоянд.
Забони миллӣ мисли шоҳсутуни бинои маънавии давлати соҳибистиқлолро по барҷо нигоҳ дошта маърифату фарҳанг, таърих, ахлоқу одоб афкори миллатро инъикос мекунад. Яъне, танҳо бо василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди гузаштагони хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониш дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.
Бори дигар кулли мардуми шарифи кишвари Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта ба хонадони ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар пирӯзиву саодатмандӣ ва дар роҳи ҳифзу рушди забони ширину шеваи модаронамон комёбиҳо орзу менамоем.
Ҷашни забони давлатӣ муборак бошад!