Забони тоҷикӣ роҳи дарози таърихро бо шеваи фароз ва печутоби гардишҳои тӯлонӣ тай намудааст. Он бо шеваи ширинӣ ҳазорсолаҳо забони давлатдорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва хонаводаи ниёгон буд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ шукуҳу шаҳомати қадимии забони тоҷикиро эҳё намуда, онро бар зербинои давлатӣ нишонд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, воқеан, забони тоҷикӣ рушди бесобиқа тай намуда, мақоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро дар ҷомеа пайдо кард, ҳамчун омили ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои миллатҳо эътироф шуд ва дар арсаи байналмиллалӣ мақоми хосаро ишғол намуд. Бевосита бо сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ бо пазириш ба мақоми давлатӣ ҳоло ба ҳайси забони сиёсат, қонунгузорӣ, илму маориф, фарҳанг, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот амал мекунад.
Гуфтан ба маврид аст, ки гуфтаҳои сарвари давлатро ёдовар мешавем ”Дар марҳилаи на чандон тӯлонӣ мақом ва эътибори забони тоҷикӣ ба андозае боло рафт, ки дар давоми чандин даҳсолаи асри XX ба ин андоза инкишоф наёфта буд. Дар давраи Истиқлоли ҷумҳуриявӣ ягон дастовардҳои илму фарҳанг, раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷикиро бе иштироки забони тоҷикӣ тасаввур кардан мумкин нест. Гуфтори забони тоҷикӣ дар ҳама чорабиниву маъракаҳои сиёсию иҷтимоӣ эътибору эҳтироми хоса пайдо кард, рушди забон дар маҷмуъ ба рушди маънавиёти ҷомеа мусоидат намуд. Истилоҳу қолабҳои нави забон, ки як вақтҳо боиси талошҳои тӯлонӣ буданд, тавре ба муошират ва муросилоти хаттӣ ворид гардиданд,ки ҳамаи онҳо ба ҳусни баён, фасоҳату балоғати забон вусъат бахшиданд”
Модоме, ки чунин аст, мо бояд ҳамарӯза шукри истиқлол, шукри забон, шукри фарҳангу адаби ҷонбахши миллати хешро ба ҷой биёрем ва аз ин баҳри нопайдоканор ҳамеша дурру гавҳари маъниҳо, андарзу насиҳатҳо ҷӯем, то ки забонпарвару забондон бошем. Ин ҳама боиси ифтихору сарбаланди миллати тоҷик аст, ки мо забони миллат дорем. Акнун моро лозим аст, ки пайваста баҳри поку беолоиш нигоҳ доштани забони бузурги тоҷикӣ талош варзем, ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки "Забони миллат-ҷони миллат”.
Устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ фармуданд:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!
Бале, як нуқтаи муҳимро зикр намуд, ки Пешвои миллат доир ба бақои миллат ва ҳастии миллат сухан ронда, забони тоҷикиро ба симо ва пайкари миллат ташбеҳ дода гуфта буданд ”Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳо мебошад. Бузургии миллатро пеш аз ҳама аз он эҳсос кардан мумкин аст, ки афроди он забони миллии худро то чӣ андоза ҳифзу эҳтиром менамоянд. Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ва ҳар шахсе, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони модарии худ дӯст медорад, бояд ин нуқтаро бо тамоми ҳастияш дарк карда аз рӯи он амал намояд”
Бале, талош бар ин варзид, ки гиромӣ доштани забони модарӣ ва ниёгон, оид ба покизагии забон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷик буда, эмин доштани он ҳам фарзу суннат мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки беэътиноӣ нисбат ба забони модарӣ беэътиноӣ ба модар ба Ватан аст.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”