Ҳунар ва ҳунармандӣ аз қадимулайём маҳсули хираду дасти инсон буда, як бахши фарҳанги анъанавии халқи тоҷик ба шумор рафта, муаррифгари миллат таъриху фарҳанг, табиату зебоипарастӣ ва шинохти кишвар аст. Ҳунарҳои миллӣ дар қатори дигар намудҳои мероси фарҳанги миллат дар ҳаёти мардум шавқи хоса дорад. Дар пешрафти анвои гуногуни касбу ҳунарҳо ва тақвияти таҷрибаву малакаҳо нақши ҳунармандон калон аст. Ҳунармандӣ решаи хеле қадима дошта, аз насл ба наслу аз аср ба аср гузашта то ба имрӯз расидааст.
Яке аз чунин ҳунармандон Раҳмонова Муҳаббат Абдуразоқовна мебошанд, бо рӯймолдӯзӣ шуҳрат пайдо кардаанд. Рӯймолдӯзи номӣ, 25 сентябри соли 1950 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №20 шаҳри Хуҷанд соли 1967 ба Донишгоҳи давлатии ба номи Киров шӯъбаи забонҳои хориҷӣ дохил шуда, пас аз хатми Донишгоҳ аввалин кору фаъолияти худро соли 1972 ба Хонаи ақди никоҳ-и вилояти Суғд ба ҳайси муттахасис оғоз намуд. Муҳаббат Раҳмонова аз овони ҷавониаш ба ҳунари рӯймолдӯзӣ шавқи зиёд дошта, ин ҳунари қадимаро аз модараш омӯхтааст.
Аз рӯи гуфтаҳои Муҳаббат Раҳмонова ҳунари рӯймолдӯзӣ якчанд намуд буда, асосан ин зани ҳалиму хоксор бо 3 намуди рӯймолдӯзӣ яъне кӯпқарға, шоҳии гӯлас ва сафед машғул аст. Аз рӯи гуфтаҳои ин ҳунарманд, дар ҳар як рӯймол гул ва ё нақш дӯхта мешавад, ҳар як рӯймол мазмуни хоси худро дорад. Масалан миёнбанд ва ё рӯймоли кӯпқарға дарозӣ ва бараш 90 см буда, аз матои атласи шона-шонаи сиёҳ омода мегардад. Рӯймоли кӯпқарға барои тӯйи арӯсӣ истифода бурда шуда, аз тарафи арӯс ба домод ҳадя мегардад.
Ҳамзамон ин ҳунарманд дар якчанд чорабиниҳои фарҳангии шаҳру вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ иштирок намуда, барои хизматҳои шоёнаш аз тарафи Мақомотҳои ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ бо якчанд сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Соли 2018 дар озмуни ҳунармандони мардумии маҳалла иштирок намуда, соҳиби Гранти раиси шаҳри Хуҷанд гардид.
Ҳамасола кормандони илмӣ барои пурра намудани маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз мардуми кишвар ашё, мавод ва либосҳои таърихиро ҷамъоварӣ менамоянд. Дар ин росто аз тарафи ҳунарманд - Муҳаббат Раҳмонова якчанд рӯймолҳои дастидӯзӣ ба Муассисаи давлатии Маҷмаи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ройгон тӯҳфа карда шуд.
Дилрабо Яҳёева - корманди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”