Санаи 27-уми сентябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ маҳфили илмӣ-адабӣ бо рӯнамоии китобҳои тозанашри шоира Солеҳа Олимова бо номи “Қалб туғёни” ва “Изҳор” баргузор гардид. Маҳфили адабиро Раиси иттифоқи нависандагони вилояти Суғд, Аҳмадҷони Раҳматзод ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар бораи эҷодиёти шоираи ду кишвар Ӯзбекистону Тоҷикистон Солеҳа Олимова маълумоти пурра дод. Дар чорабинии мазкур намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, профессор Тоҷибой Султонӣ ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон олими шинохта профессор Ваҳҳоб Раҳмонов, сармуҳаррири рӯзномаи “Халқ овози” Ёқубҷон Абдуманнонзода, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов ва номзади илмҳои филология Аслан Каримов иштирок намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар нишасти маҳфили адаб намояндагони аҳли фарҳанги кишвари Ӯзбекистон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, ҳунармандони санъати тоҷик инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар ҷараёни баргузории нишасти маҳфил, устод Ҷӯрабек Муродов ва инчунин, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Тоҷинисо Ниёзова аз ашъори тозаэҷоди ин шоира сурудҳо сароиданд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби шоира Солеҳа Олимова ба аҳли нишаст чанд намунаи шеърҳои навэҷод қироат карда шуд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот