Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон (Бахшида ба Рӯзи сайёҳӣ)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аз қадимулайём сайёҳӣ яке аз соҳаҳое ба хисоб меравад, ки таваҷҷуҳи бисёр одамон, махсусан зиёиёну равшанфикронро ба худ ҷалб мекард. Дар робита ба ин хеле сафарномаву сайёҳатномаро низ дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ иншо шудаанд. Баъзе олимони соҳаҳои ҷуғрофияву геология бошад, маҷбур буданд, барои васеъ кардани донишҳои худ ба сафар бароянд. Имрӯз ҳам сайёҳи як намуди васеъ кардани донишу ҷаҳонбинӣ ва ғанӣ кардани ҷаҳонӣ маънавию завқии инсонҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, сайёҳи яке аз соҳаҳои сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон низ ба шумор меравад. Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои  2019-2021 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда буданд ва ин иқдом пояҳои асосии сайёҳии имрӯзаро бунёд гузошт. Албатта, таваҷҷуҳи сиёсату давлат пеш аз ин низ ба хуби эҳсос мешуд, вале махсусан солҳои охир ин бештар аз пештар ҳис карда мешавад.

      Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари сулҳу дӯстӣ, диёри бузургони шеъру адабиёт, илму фарҳанг, биноҳои таърихии қадима ватани аслии китобу дониш, ҷаҳони сабзу хуррам ва тамошобоби Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Суғдзамини он бошад, ки зиёратгоҳҳову истироҳатгоҳҳои фаровон дорад. Дар он шаҳрҳои қадимаи Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва амсоли ин ҷойгирифтаанд, ки дар ин шаҳрҳо Шаҳри бостонии Саразм, Қалъаи қадимаи Истаравшан, зиёратгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро, қабри падари шеъри форсиии тоҷики Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, хона-музейи шоир Лоиқ Шералӣ, осорхонаи Панҷакент, Истаравшан, Исфара ва ғайраҳо ҷойгир аст. Дар ин миён шаҳри Хуҷанд мавқеи махсус дорад. Хуҷанд дар баробари  шаҳру навоҳии Суғдзамин, аз оғози мавҷудияти худ ҷои ҷамъшавии бузургони олимону донишварон, шоирону орифон ва ҳунарварон будааст. Он тибқи маълумоти таърихнависон таърихи дуру дароз ва пурпечутобе дорад.

Яке аз сабабҳои рушди ин шаҳр дар он аст, ки дар Роҳи абрешим ҷой гирифта, дар соҳили руди Сайҳун будани он сабаби боду ҳавои мӯътадилаш гаштааст. Ба ғайр аз ин омилҳои мазкур барои ҷалби сайёҳон мусоидат мебошад. Сабаби дигари ҷалб шудани сайёҳон ин диёри бузургони илму адаб будани шаҳри Хуҷанди бостонист.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷикистон соҳиби сарватҳои табии нотакрор ва осорхонаҳои таърихии бузург буда, барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ шароитҳои мусоидро доро мебошад.

Яке аз мавзеъҳои ҳам фароғати ва ҳам таърихӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ин Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳисоб меравад. Ин муассиса аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ба номи академик Н. Негматов, Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ, Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ иборат аст. Ин аст, ки ҳамасола ба он сайёҳон чӣ дохилию чӣ хориҷӣ бисёр меоянд.

Масалан, дар соли 2022 теъдоди тамошобинон аз осорхонаҳои маҷмаа 45015 нафарро ташкил дода, аз инҳо 12156 нафарашонро меҳмонони хориҷи ташкил доданд. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бошад,  теъдоди тамошобинои умумии осорхонаҳо 31214 нафарро ташкил дода, аз ин 2489 нафарашон меҳмонони хориҷиёнанд.

Ҳамин тавр, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳимми муаррифии чеҳраи миллат ва фарҳанги он пешрафти иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ман аз номи худ ва аз номи маъмурияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳамаи сокинони вилояти азиз ва Тоҷикистони гулгулшукуфонро бо Рӯзи сайёҳон самимона муборакбод мегӯям.

Исоева Заррина – корманди муассиса

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон (Бахшида ба Рӯзи сайёҳӣ)
Scroll to Top