Ҳамшаҳриёни азиз!
Аҳли ҷомеаи меҳнатии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” тамоми сокинон ва меҳмонони ин шаҳри Хуҷанди бостониро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрику таҳният менамояд. Дар сарчашмаҳои куҳан шаҳри Хуҷандро бо зебоиву шукуҳ ва беҳамтоиаш дар байни шаҳрҳои дигар сифат кардаанд.
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ин зебоиву шукуҳ рӯз ба рӯз ташаккул ёфта, ҳар гӯшаи ин шаҳр зеботар мешавад. Шаҳри Хуҷанд бо таърихи пурғановати худ муаррифгари кишвари азизамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ будааст.
Бигзор ин ҳама покиву фараҳафзоиро то дергоҳ нигоҳ дорад ва ба асрҳову наслҳои баъдӣ мояи ифтихор бошад.