“Хуҷанда шаҳре машҳур бар Мовароуннаҳр, дар канори Сайҳун. Шаҳре хушобу ҳаво, ки дар минтақа беназир ва дорои беҳтарин меваҳост. Рӯде дар васати он ҷорист ва кӯҳе низ муттасил”.
АБӮИСҲОҚИ ИСТАХРӢ (АСРИ Х) АЛ-МАСОЛИК ВА-Л-МАМОЛИК
“Хуҷанд шаҳрест ва он қасабаи он ноҳияест ва бо кишту барзи бисёр аст ва мардумони бомурувват ва аз вай анор хезад”.
ҲУДУД-УЛ-ОЛАМ МИН-АЛ МАШРИҚ ИЛАЛ МАҒРИБ (АСРИ Х)
“Хуҷанд ба замми ”хо”, ба фатҳи “ҷим”, сукуни “нун” ва сипас бо “дол” яке аз шаҳрҳои бузург ва некиҳои вофир дар наздикии Сайҳун аз билоди машриқ аст”.
АБӮСАЪД АБДУЛКАРИМ ИБНИ МУҲАММАД АС-САМЪОНӢ “АЛ-АНСОБ” (АСРИ ХII)
“Хуҷанд шахри бузурге аст бар канораи Сайҳун ва онро “Хуҷанда” ба зиёдатиҳо низ гӯянд. Бар сарзамине аст, ҳамвор, бӯстонҳо ва меваҳои некӯ дорад”.
АБУЛФИДО ИСМОИЛ “ТАҚВИМ-УЛ-БУЛДОН” (АСРИ ХIII)
Хуҷанд – шаҳре маъруф дар Варорӯд дар каронаи Сайҳун аст. Аз он ҷо то Самарқанд даҳрӯза роҳ аст ба самти ховар. Шаҳре хушобу ҳаво аст, ки дар он сарзамин беҳтар аз он ва хушмеватар аз он набошад. Рӯдхонае аз миёни он мегузарад ва кӯҳ дар канори он аст.
ЁҚУТИ ҲАМАВӢ. “МӮЪҶАМ-УЛ-БУЛДОН” (АСРИ ХIII)
“Хуҷанд дар покизагию пурсамарӣ ҷаннат аст ва бо саршорӣ аз раёҳину гулҳо ва киштиҳои раванда дар Сайҳунаш фирдавси замин аст ва осмонаш бо сайёраҳои улуму ситораҳои дурахшон зебост”.
ҶАМОЛИ ҚАРШӢ. “МУЛҲАҚОТ БИ-С-СУРОХ” (АСРИ ХIII)
“Шаҳрест аз иқлими панҷум ба Фарғона, бар канори рӯди Сайҳун дар панҷ фарсанги шаҳри Андиҷон ва онро “Арӯси дунё” хонанд”. Гӯянд, онро Кайхусрав бунёду бино ниҳода ва баъд аз харобӣ Дороб таъмиру тамом намуда.
РИЗОҚУЛИХОНИ ҲИДОЯТ. “АНҶУМАНОРОИ НОСИРӢ”
“Шайх Маслаҳат ва Хоҷа Камол аз Хуҷанд будаанд. Мевааш бисёр хуб мешавад ва анораш ба хубӣ машҳур аст, чунончӣ, себи Самарқанду анори Хуҷанд мегӯянд”.
МУҲАММАД ЗАҲИРУДДИНИ БОБУР. “БОБУРНОМА” (АСРИ XVI)
“Хуҷанд ҷойи фароғат, мавзеи покон, макони сӯфиён ва ҳадде, ки аз он ҷаҳон оғоз меёбад”
ҲОФИЗ ТАНИШ ИБНИ МИРМУҲАММАД БУХОРӢ, “ШАРАФНОМАИ ШОҲӢ”
Гирдоваранда С.Умаров