Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақши анор дар девори Хонаи миллӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санъати халқӣ дар ҳақиқат соҳае мебошад, ки саҳми он дар ҳаёти мардумони рӯи олам басо бузург аст. Дар рӯзғори инсонӣ ягон ашёҳои алоҳидаеро ёфтан ғайриимкон аст, ки дар он санъати халқӣ ё ҷузъиётҳои он иштирок накарда бошад.

Санъати халқи тоҷик ба монанди санъати дигар халқҳои ҷаҳон бо ҳамин роҳҳо таъсис ёфта, дар рафти тараққии худ қариб дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти тоҷикон маълум гаштааст.

Устоҳои тоҷик аз бозиҳои бачагона сар карда, то иморатҳои бузурги динию ҷамъиятиро сохта, дар ороиши он нақшро ҳамчун воситаи ородиҳанда истифода бурдаанд.

Бо мақсади инъикоси фарҳанги оиладорӣ баҳри муаррифӣ ба тамошобинони дохилу хориҷи кишварамон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти мавзӯи “Маданият, илм, адабиёти асри Х1Х ва ибтидои  асри  ХХ”, яке аз намунаҳои  хонаи миллии мардуми Хуҷандшаҳр ҷой дода шудааст, ки аз санъати баланду нотакрори ҳунари меъморӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва кандакории халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Хона, истиқоматгоҳ, манзил, маконест, ки одамон дар он умр ба сар мебаранд. Хона барои муҳофизати инсон аз таъсири манфии шароити табиӣ мадад мерасонад. Хонаи мазкур, бо масоҳати  29,2 м2 аз сокини шаҳри Хуҷанд харидорӣ шудааст, ва аз ҷониби устоҳои номии истаравшанӣ усто Солеҳ Азизов фарзандашон Азизов Саидҷон, ҷиянашон Азизов Самеъҷон ва шогирдонашон  Акбаров Бахтиёр,  Солиев Фахриддин насб ва васл карда шудааст. Одатан мувофиқи анъанаҳои суннатӣ дар бунёди хонаҳо якчанд шахсони соҳибтахассус ба монанди меъмор, устои деворзан, устои чӯбкор, гаҷкор, кандакор, наққош  саҳм мегузоштанд. Аз рӯи гуфти усто Солеҳ бинобар нокифоя будани масоҳати намоиши дар толор пойгоҳи хона насб карда нашудааст.

Барои ороишоти хона намунаи гуногуни санъат  кандакорӣ, гаҷкорӣ, ҳаккокӣ, кошикорӣ ва наққошӣ васеъ истифода бурда шудааст. 

Наққошӣ – ин худ ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз навъҳои қадимаи ороишӣ-амалӣ мебошад, ки дар ороиши вассаҷуфтҳои шифти хона истифода шудааст. Наққошон барои беҳтар кардани ороишоти биноҳо бештар аз гилу гаҷ ва рангу бор истифода мебурданд.

Дар ду тарафи даромади хона дар болои изора, нақши хӯшаи  анор  дар даруни кӯза тасвир ёфта, атрофи он  бо  гаҷ  гиреҳбандӣ  карда шудааст,  ки ҳаҷми онҳо баландиаш 1м 65см- бар 1м 66см мебошад.  Дар  нақш  21 дона  анор бо ранги сурх ва баргҳояш бо ранги сабз дар дохили кӯзаи дудастаи поядор бо нақши ислимӣ ва ранги қаҳвагӣ тасвир ёфтааст. Анор, ки аксар ба нақшу тасвирҳои наботии гули анор ва баъзан меваи анор асос ёфтааст, аз қадимулайём дар байни мардуми Шарқ  маъмул буда, як рамзи серфарзандӣ, серию пуриро нишон медод, ки на танҳо дар хонаҳо,  балки дар дигар ороишотҳои миллӣ  ба мисли кашидадӯзиҳо  дида мешаванд.

Тиляева Шахноза- корманди илмии шӯъбаи фонд

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНақши анор дар девори Хонаи миллӣ
Scroll to Top