Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди меҳмонони олиқадр аз Осорхонаи вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳошияи сафарӣ корӣ Дабири шӯрои олии инқилоби фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон Абдулҳусайни Хусравпаноҳ ва Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ Эрон Маҳмуди Шалоӣ дар ҳайати як гурӯҳ меҳмонон бо ҳадафӣ дидорбинӣ аз Оосрхонаи таърихи вилояти Суғд, зиёрати мақбараи рамзии Хоҷа-Камоли Хуҷандӣ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф фармуданд.

Меҳмонони олиқадрро Омири кулли Муассиса Иброҳимов Иброҳим ва роҳбалади пуртаҷрибаи осорхона Пӯлотова Иноят пешвоз гирифтанд.

Зимни мулоқоти дидорбинӣ меҳмонони олиқадр аз муҷассамаи Шайх Камоли Хуҷандӣ ва сипас аз мақбараи рамзии Хоҷа Камол дидан намуданд. 

Баъди ошноӣ бо онҳо меҳмонон аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз ҳуҷраи тадрисгоҳ бо асарҳои безаволи классикон шиносоӣ пайдо намуданд.

Сипас, меҳмонони олиқадр аз Осорхонаи таърихи вилояти Суғд дидан намудаанд ва аз тарафи Мирзоева Иноят сайри илмӣ гузаронида шуд. Муаллима, ки аз пуртаҷрибатарин роҳбалад дар осорхона маҳсуб мешаванд муфассал аз таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ халқи тоҷик маълумот доданд. Дар фарҷоми боздид дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти худро иброз намуданд:

Дидани осорхона ва мазор ва хонаи рамзии Ҳаким Камоли Хуҷандӣ бисёр зебо сохта шудааст. Худованд умри мардуми ин диёри пурбаракоти Тоҷикистонро тӯлонӣ бигардон. Ҳамдиливу ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳангӣ, ки дар фарҳангу ҳикмату парчами ду кишвар – Эрон ва Тоҷикистон тақвият бифармо.

Иродатманди ҳамаи мардуми Тоҷикистон Абдулҳусайни Хусравпаноҳ – Дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Дидани кишвари Тоҷикистон ва марокизу музейи он фурсати тиллоӣ барои ошноии ҳарчи бештар ба фарҳангу тамаддуни дурахшони ориёӣ ва сарзамини порсӣ аст.

Аз ин роҳгузар – Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар Хуҷанд низ дархури боздиди муҳаққиқона аст. Шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои қадимӣ ва аз дурдонаҳои ҳакими бузург Ҳаким Камоли Хуҷандӣ аст. Ин шаҳр ва осорхонаион чашми боздидкунандаро ба аъмоқи таърих ва шукӯҳи ин диёр мебарад.

Муваффақияти миллату давлати Тоҷикистон ва фурӯғи пурравшани шаҳри Хуҷанд аз даргоҳи Худои бузург орзумандам.

Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ Эрон Маҳмуди Шалоӣ. 

Исобоев Даврон – Мудири шуъбаи дастхатҳо

ва табъу нашр

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди меҳмонони олиқадр аз Осорхонаи вилояти Суғд
Scroll to Top