Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАМОИШИ САЙЁР ДАР ҒОНЧӢ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Дар ноҳияи Ғончӣ аз тарафи Муассисаи Давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» тӯли як моҳ намоиши сайёр таҳти унвони «Намунаҳои ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд» аз коллексияи фонди осорхонаи таърихӣ баргузор гардид.

Ин намоиш бо мақсади муаррифии халқи куҳанбунёд ва тамаддунофари халқи тоҷик байни насли наврас ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳию хештаншиносӣ ташкил карда шуд. Дар намоишгоҳ намунаҳои ҳунарҳои халқӣ аз қабили зарфҳои мисӣ,  кашидадӯзӣ, сӯзании заминадӯзӣ, маҳсулотҳои кулолгарӣ ва намунаҳои маснуоти маркази таълимию истеҳсолии адрасу атласбофӣ гузошта шудааст.

Чи тавре ки мушовири  кор бо бачагону наврасони Хонаи фарҳанги ноҳияи Ғончӣ Садуллоева З. иброз медорад: «Толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар тамошои намоишгоҳ ширкат варзиданд ва аз бозёфту нигораҳои нодири асрҳои Х1Х-ХХ ва тавсифи мухтасари онҳо шинос шуданд. Бояд гуфт, ки толибилмон аз таърихи қадима доштани миллати тоҷик ифтихор карда ба ҳунару санъати волои ниёгонамон арзи сипос баён намуданд».

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАМОИШИ САЙЁР ДАР ҒОНЧӢ
Scroll to Top