Кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳамеша зери таваҷҷуҳи мақомотҳо қарор доранд. Ин аст, ки кӯдакони ятиму бепарастор дар ҳар иду айёми аҷдодиямон аз тарафи мақомотҳо кӯмакпулиҳову тӯҳфаҳо тақдим карда мешавад. Инчунин ба истироҳатгоҳҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ба сайру гашт бо ҳамроҳи волидайну мураббиён меоянд.
Имрӯз низ як гурӯҳ кӯдакони “Ташкилоти ҷамъияти “Манбаи Меҳр”-и ш.Хуҷанд ва ширхоргоҳи №26 аз ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд. Нахуст онҳо бо роҳбарии муаллима Ғаффорова Ш.Я ва Қодирова М.А аз осорхона ҳамроҳи волидайни худ дидан намуданд, ки ба онҳо роҳбаладони осорхона Мирзоева И, ва Юлдошева У сайри илмӣ гузаронида ба онҳо таърих ва фарҳангӣ пурғановати давлатамонро муаррифи намуданд. Сипас онҳо бо як рӯҳи болида ба Боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ сайру гашт намуданд.
Юлдошева У - роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд