Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Мо ба шарофати истиқлолият ғояи таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва тарғиби худогоҳиву худшиносиро ба пояи сиёсати давлатӣ бардоштаем ва ин роҳро бояд идома диҳем. Мо хушбахт ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва халқи эҷодгару бунёдкорамон таърихи навини худро бо дасти худ бунёд мекунад, Ватани маҳбубамон пайваста обод мешавад ва ҳамеша саъю талош меварзем, ки сарзаминамон, таърихамон ва муқаддасоти халқу давлатамонро аз ҳама гуна таҳдидҳои ин ҷаҳонӣ пурмоҷаро ва пурталотум эмин нигоҳ дорем.
Дар бунёди ҷомеаи навини кишвари мо, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихи миллат беназир аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи ин сарвари хирадманд Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ эмин монда, истиқлоли худро таҳким бахшид ва имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли талош дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ соҳиби истиқлолият - давлати ободу озод гардид.
Бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Истиқлолият рамзи ватану ватандорӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони Иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот варзиш ва сайёҳӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд факултети таърих ва ҳуқуқ ба номи академик Б.Ғафуров, донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсти Тоҷикистон, сарояндаи номдор – Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистион Умарҷон Қобилов, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ дар руҳияи насли наврасу ҷавонони имрӯза бедор намудани руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин, эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд. Ҳамчунин, бахшида ба ин рӯз кормандони муассиса гӯшаи намоишӣ ташкил намуданд.
Сайфиева Шарифа - мудири шӯъбаи
оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа