Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ОСОРХОНАИ БОСТОНШИНОСӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Иншооти дигари Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ин Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар шафати Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд шуда, дарвозаи даромадгоҳи Қалъа ба ҳисоб меравад.

Осорхона соли 1986 бахшида ба 2500-солагии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ ёфтааст. Дар толорҳои намоишии осорхона бозёфтҳое, ки аз Қалъаи Хуҷанд аз тарафи бостоншиносони «Экспозитсияи комплексии шимоли Тоҷикистонии Академияи илмҳои Тоҷикистон» академик Н.Н.Неъматов, профессор С.Ш.Марофиев, А.Мирбобоев,  Т.В.Беляева ва дигарон дарёфт гардидаанду арзиши таърихию фарҳангӣ доранд, ба намоиш гузошта шудаанд.

Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз 25 декабри соли 2015, №918 «Дар бораи аз мувозина ба мувозина гузаронидани осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот» дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум тасдиқ гардид ва ин осорхона ба мувозинаи маҷмаа дохил карда шуд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООСОРХОНАИ БОСТОНШИНОСӢ
Scroll to Top