Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хушмуҳаммадов Абдулмаҷид-рассоми тоҷик

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Хушмуҳаммадов Абдулмаҷид Раҳимович (15.04.1912.Самарқанд-1990, Душанбе), рассоми тоҷик.Ходими хизматнишондодаи санъати РССТоҷикистон(соли1945). Соли 1927 пас аз хатми мактаби миёна ба устохонаи кулолӣ омад. Дар тармими ёдгориҳои меъмории Самарқанд(ансамбли майдони Регистон) иштирок кард.

Солҳои 1930-1933 дар Техникуми рассомии Боку таҳсил намуд. Соли 1934 дар ташкили шӯъбаи санъати тасвирии Комбинати рассомӣ ширкат варзид. Соли 1935 асарҳои Абдулмаҷид бори аввал ба намоишгоҳ гузошта шудаанд. Ҳамон сол ӯ ҳайси рассоми ёрдамчи ба “Мосфилм”барои таҳияи филми “Дохунда”даъват гардид.

Соли 1936 ба  Институти рассомии Москва дохил гардида, назди устодони номӣ-В.А.Машков, Б.В.Иогансон, С.В.Герасимов, И.Э.Грабар дарс омӯхт.Абдулмаҷид дар конкурси нусхаи беҳтарини намояи ороиши вакилони СССР барои намишгоҳи умумиҷаҳонӣ дар Ню-Йорк иштирок намуд. Соли 1940 Абдулмаҷид ба Тоҷикистон баргашт ва ба фаъолияти педагогӣ машғул гардид. Дар ин давра ӯ як зумра лавҳаҳои гунонунжанр ва манзара офарид. Лавҳаи “Шӯриши Восеъ” аз қабили беҳтарин офаридаҳои он давр буда, соли 1941 дар Даҳаи маданияти тоҷик дар Москва намоиш дода шуд.

Натюрмортҳои рассом низ хеле ҷолибанд, дар онҳо ҳисси миллӣ ва анъанаи классикӣ эҳсос мегардад. Асарҳои солҳои охири Абдулмаҷид низ хеле ҷолиб буда, давоми хати эҷодии рассоманд.

Ба ифтитоҳи эълон гаштани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷоя бо Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд силсилаи намоишҳои ҷашниро таҳти унвони “Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” баргузор намуданд.

Дар намоиш 19 адад асарҳо аз офаридаҳои мушовирон ба монанди Хушвақтов Х,Хошмуҳаммадов А,Довутов З,Файзов К ва ғайра гузошта шудааст. Дар байни онҳо яке аз расмҳои беҳтарини Хошмуҳаммадов А, ки “Дарёи Сурхоб” ном дорад, гузошта шудааст. Рассом ин расмро соли 1963 тасвир намудааст.

Ҳадаф аз баргузории ин намоиш ҷалб намудани тамошобинони ватаниву хориҷӣ ба манзараҳои зебои кӯҳсорони кишварамон ба ҳисоб меравад, қабл аз ҳама чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд карданд:

”Ҳадафи пешниҳоди эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо ба андешидани чораҳои қатъи ҷиҳати коҳиши ин раванд,устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ва таъсири он мебошад.

Сайфиева Шарифахон - Мудири шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХушмуҳаммадов Абдулмаҷид-рассоми тоҷик
Scroll to Top