Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рассоми РСС Тоҷикистон Хушвахтов Хушбахт Давлатович

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтитоҳи эълон гардидани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷоя бо Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи хуҷанд” дар осорхонаи таърихии вилояти Суғд силсилаи намоишҳои ҷашниро таҳти унвони “Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” баргузор намуданд.

Дар намоиш 19 адад асарҳо аз офаридаҳои мусаввирон ба монанди Хушвахтов Х ,  Хошмуҳаммадов М, Файзов  К,  Довутов З.  ва ғайраҳо гузошта шудааст. Дар байни ин расмҳо се адад мусаввараи яке аз рассоми беҳтарини советии тоҷик Хушвахтов Хушбахт Давлатович ба намоиш гузошта шудааст. Ба монанди “Ҳавлӣ”, “Хомӯшӣ”, “Манзара” ва рассом дар офаридани асарҳо кӯшиш намудааст, ки табиати нотакрори диёри азизамонро нишон дода бошад.  Хушвахтов баробари офаридани ин асарҳо ҳунари волои рассомиро нишон дода тавонистааст.  

Хушвақтов Хушбахт Давлатович (таваллуд 9.09.1926, деҳаи Рӯшони ВАКБ), рассоми советии тоҷик. Рассоми Халқии РСС Тоҷикистон (1774). Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон(1967). Аъзои КПСС аз соли 1962. Донишгоҳи давлатии рассомии ба номи В. И.Суриковро хатм кард (1960). Баъд муаллими Омӯзишгоҳи рассомии Душанбе буд. Солҳои 1961-82 раиси Правленияи ИР Тоҷикистон. Дар эҷодиёти Хушвахтов пейзаж мавқеи намоён дорад. Зебоиҳои нотакрори кишвари хушманзар дар мусаввараҳояш (“Хоруғ”, “Ҳавлӣ”, “Оқбайтал”, “Пики Ленин” ва ғ.) бо тамоми шукӯҳу назокаташ падид омадааст. Хушвахтов муаллифи бисёр асарҳои мавзӯист ( “Чеварон”, “Замини навкорам”, “Хотирот”), ба мавзӯи таърихию револютсионӣ ҳам даст задааст: (“Солиёни пешин”, “Мактуби доҳӣ”, “Сарбозони инқилоб”) ва ғ.  Ва ин шахс махсусан дар бораи бунёдкорони ГЭС-и Норак асарҳои зиёд офаридааст ( “Ҳангоми истироҳат”, “Созандагони Норак”, ”Вахши мутеъгашта”, “Субҳи Норак” ва ғ.). Барои ин силсилаи ӯ, лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1977) шудааст. Асарҳояш дар намоишгоҳҳои байналхалқии Канада, Бирма, Афғонистон, Венгрия, Франсия, Италия намои дода шудаанд. Аз соли 1961 узви ИР СССР. Бо ордени “Нишони Фахрӣ”, медалҳо ва грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Тошматов Даврон - роҳбалади осорхона.

"Манзара". Соли 1986

"Хавлӣ". Соли 1967.

"Хомӯшӣ". Соли 1980

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРассоми РСС Тоҷикистон Хушвахтов Хушбахт Давлатович
Scroll to Top