Баробари рушду тараққиёти техникаву технологияҳои муосир ба вуҷуд омадани муаммоҳои нави ҷаҳонӣ ба назар мерасад. Тағйирёбии иқлим, гармшавии иқлими сайёра, зиёд шудани офатҳои табиӣ, кам гардидани миқдори оби тоза, обшавии пиряхҳо ва норасоии ғизои солим аз масъалаҳои муҳими глобалӣ маҳсуб меёбанд, ки ин масоил бевосита ба тақдири ҳар миллату давлат, албатта, таъсири амиқ расонида метавонад. Баҳри бартараф сохтани масъалаҳои мазкур имрӯзҳо давлату ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии бевоситаи созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла, Созмони ҷаҳонии “Юнеско”, Созмони Милали Муттаҳид кӯшиш ба харҷ дода, оид ба роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо пешниҳодҳоро дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ иброз доштанд ва албатта, ин таклифҳо дастгирӣ ёфтанд.
Имрӯзҳо шумораи кишварҳое, ки аз норасоии об азият мекашанд, зиёд гардида истодааст. Тавре олимон зикр менамоянд, баробари зиёд гардидани шумораи аҳолии ҷаҳон, ки дар 50 соли охир аз 2 баробар зиёд афзоиш ёфтаанд. Аз ин ташаббусҳои Сарвари давлат бармеояд, ки об аҳамияти хос дошта ҳамчун захираи стратегӣ дониста шуда, аз тарафи тамоми ҷаҳон амиқ дарк карда шудааст. Дар доираи ин солҳо Тоҷикистон якчанд конфронсҳои сатҳи байналмиллалӣ, мизҳои мудаввар ташкил намуд, ки баҳри ҳалли ин масъала заминаҳои мустаҳкам гузошт.
Яке аз ташаббусҳои дигар, ки ба тозагӣ қабул гардидааст – дар самти ҳифзи об ва манбаҳои он, эълон шудани соли 2025 – “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” ва санаи 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” эътироф гардид, ки аз ҷониби СММ қабул дастгирӣ гардид. Ин ҷост, ки санаи 21-уми марти соли ҷорӣ нахустин маротиба ҳамчун “Рӯзи байналмиллалии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад. Тадбирҳои пешгирифтаи сиёсати Сарвари давлатамон чӣ дар дохил ва берун аз он ҳамеша заруриву муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар толори намоишии муваққати санаи 15.08.2023 бо якҷоягии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба ифтихори эълон шудани “Соли 2025 - Соли байналмиллалии ҳифзӣ пиряхҳо ” ҳамоиш ташкил карда шуд. Дар ин ҳамоиш аз фонди осорхона 38 адад нигораҳо ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар зайл якчанд акс ва он нигораҳое, ки ба намоиш гузошта шудааст бо ном ва рақамҳои тартибӣ оварда мешавад.
Фаридахон Исҳоқӣ – Сармуҳофизи фонди Осорхона