Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳисобот оид ба экспедитсияи қалъаи Ҳисораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Экспедитсияи бостоншиносии Панҷакент, ки аз соли 1946 боз дар ёдгориҳои Зарафшон ҳафриёт мегузаронад, бо дастгирии осорхонаи Эрмитажи Федератсияи Русия ва Инстути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавсим тасмим гирифт, ки моҳи июли соли мазкур дар ёдгории Ҳисораки н. Кӯҳистони Мастчоҳ корҳои таҳқиқотиро давом диҳад ва ба он чун ҳарвақта бостоншиносони кишвару хориҷӣ ҷалб карда шуданд. Ҳафриёт  зери сардории П. Лурйе ва Ш. Қурбонов сурат гирифтанд. Дар қатори ин олимон инчунин Маҳмудов Нурулло – корманди илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳам ба сифати лаборант-таҷрибаомӯз иштирок намуд.  

Бояд қайд кард, ки димнаи (шаҳраки) Ҳисорак, дар баландии 2260 м. дар соҳили чапи саргаҳи дарёи Зарафшон, дар минтақаи баландкӯҳи Суғди қадима ҷой гирифтааст. Он аз самти шарқ дар масофаи 230 км дуртар аз ш. Панҷакенти кунунӣ ва ё дар рӯ ба рӯи деҳаи Мадрушкат мавқеъ мебошад. Масоҳати Ҳисорак 7 га-ро ташкил медиҳад ва он ба мисли дигар шаҳрҳои асрҳои миёнаи Осиёи Марказӣ аз шаҳристон, 3 арк (кӯҳандиз), работ ва чанд қатор (асосан 3-то) деворҳои муҳофизатии ҷанубӣ иборат аст. Аз сабаби калонҳаҷм будани ёдгорӣ ва дар атрофи Мадрушкат қайд нашудани дигар ёдгории ба ин монанд Ҳисорак ба шаҳри Мартшкате, ки дар ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ (ҳуҷҷати В-5, сатри 5-ум) зикр гардидааст, шабоҳат дода мешавад.       

Дар тӯли ҳафриёт 5 объектҳои Ҳисорак омӯхта шуданд, аз ҷумла

Арки I – бо роҳбарии Н. Семёнов

Арки II – бо роҳбарии П. Лурйе

Арки III – бо роҳбарии Ш. Қурбонов

Шаҳристон – бо роҳбарии Ф. Аминов

Фортификатсия – бо роҳбарии В. Паршуто.

Объекте, ки дар он Маҳмудов Н. фаъолият бурд, ин Арки I буд.  Арки I дар макони теппамонанде ҷойгир аст, ки аз ғарб онро Аркҳои II ва III ва аз шарқу ҷануб шаҳристон бо ҷариҳои начандон чуқур иҳота мекунанд. Масоҳати Арки I 0,45 га буда аз ҷиҳати ҳаҷм назар ба аркҳои дигар бузургтар мебошад. Он дорои якчанд утоқу долон аст, ки аз онҳо 10-тояш кофта омӯхта шудаанд. Дар дохили чанде аз ин утоқҳо, масалан, утоқи 9, пораҳои деворнигораҳо боқӣ монда буданд. Аз ин сабаб, бостоншиносон ба хулосае омада буданд, ки Арки I функсияи қасрро иҷро менамуд.

Мавсими кории соли мазкур имконият дод, ки то дар объекти Арки I утоқҳои 10, 11 ва 12-ро кашф карда шаванд. Утоқи 10, ки қисман соли 2019 кофта шуда буд, акнун то ба охир расонида шуда буд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ин утоқ ҳамчун даромадгоҳи қасри мазкур хизмат менамуд. Он шакли росткунҷа дошта, аз ду гузаргоҳ (дар самти шарқ ва шимол) ва суфа иборат аст. Дар назди гузаргоҳи шарқӣ, ки аз он ҷо вориди қаср мешуданд, ду бурҷи росткунҷашакле, ки шаҳсутун ё «пилон» ном дорад, бо баландии 2 м боқӣ мондаанд. Дарвозаи шимолӣ утоқи 10-умро бо утоқи 8-ум пайваст мекунад. Суфа ба деворҳои ғарбӣ ва ҷанубии утоқи 10 моил буда, баландии он то 45 см мерасад. Баландии худи деворҳои утоқи 10 аз 2 м то 3 м ва гоҳо бештар аз он мерасанд. Дар девори ғарбии утоқ тоқчаи росткунҷашакле ҷойгир аст, ки он дар натиҷаи афтидани деворҳои ошёни дуюм вайрон шуда қисман боқӣ мондааст.  Баъди кофтани бари ин тоқча дар дохили девор боқимондаи равоқе пайдо гардид, ки он замоне утоқи 10-ро бо утоқи 9 мепайвастааст, вале сониян баъди бозсозии утоқҳо ин равоқ маҳкам карда шудааст.

Дар қисмати ҷанубу шарқии утоқи 10 аз сатҳи суфа ба самти ҷануб пандуси пасте сохта шуда, он баъдан ба тарафи ғарб тоб хӯрда бо зинапояи баланд пайваст мешавад. Дар бари зинапоя аз ҷануб боз як долоне ҳаст, ки он  қисман кофта шуд. Дар натиҷа ин қисмати арк шартан утоқи 11 номида шуд.

Утоқи 12 дар бари утоқи 8 аз самти шимол мавқеъ гирифта онро дарвозаи утоқи 8 пайваст мекунад. Утоқи 12 қисман кофта шудааст ва дар айни ҳол дар тарафи ғарбии он нишонаҳои бозсозӣ ба қайд гирифта шудааст. Яъне дар ин нуқтаи утоқ девори баландияш беш аз 2 м хобидааст. Он як долони дигареро, ки аз шимол ба ҷануб тӯл мекашад, пӯшонидааст.

Афсӯс фарҳанги моддии утоқҳои зикршуда бой набуда, бозёфтҳо кам ба даст дароварда шуданд. Дар қатори онҳо пораҳои сафол, як шаддаи хурдакак, чӯбҳои тарошидашуда ва ҷузъи ҳайкале (эҳтимолан пойи асп) – ро метавон номбар кард. 

Маҳмудов Нурулло – и.в. мудири шуъбаи таърих

         

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲисобот оид ба экспедитсияи қалъаи Ҳисораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
Scroll to Top