Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Семинар-машварат ҳифзи мероси ҳуҷҷатҳо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо мақсади баланд бардоштани рушди ҳифзи мероси хаттии ниёгон дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳагию таърихии”Қалъаи Хуҷанд”,дар якҷоягӣ бо намояндагони Муассисаи давлатии”Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” семинар-машварат баргузор гардид.

Директори Муассисаи давлатии ”Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, Баҳроми Раҳматзод ифтитоҳ намуда меҳмонон ва иштирокчиёнро хайру мақдам намуд.

 Сипас, суханро ба  муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёраҳмадзода Шодиҷон Рамазон дода шуд. Ӯ аз ҷумла гуфт,ки Маркази мероси хаттии яке аз калонтарин маҳзани дастнависҳои шарқӣ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад.

Ганҷинаҳои мероси дастхаттӣ ниёгонамон беш аз 5900 дастнавис, зиёда аз 6400 нусхаи чопи сангӣ ва аз 1000 фотонусхаҳо ба забони тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.

 Агар ба нигоҳи таърихии ниёгон назар афканем, дастнависҳои марказ давраи калону доманадорро дарбар мегиранд. Илова бар ин  қайд намуд, ки дар марказ беш аз 1200 намунаи хушнависии маҳфуз мебошанд, ки маҳсули қалами хаттотону хушнависони  моҳири давраҳои гуногуни ниёгони хеш мебошанд. Инчунин, дастнависҳо дар соҳаҳои гуногуни илму фан, аз ҷумла, фалсафа, таърих, риёзиёт, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, мусиқӣ, нуҷум, тиб ва дигар ҷанбаҳои илму фарҳанг офарида шудаанд, ки ёдгории беназири башарият ва ниёгони миллат ба шумор мераванд.

 Дар идомаи сухан гуфт, ки ЮНЕСКО муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг аст, ки мероси маданӣ, фарҳангии аҳди қадим, муосир ва ёдгориҳои арзишманди нодири ҷаҳониро ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ дохил намуда, баҳри ҳифзу дастрасии васеи мардум мусоидат мекунад.

Ҳадафи асоси ин  мусоидат ба сулҳу амният тавассути ҳамкориҳои байни давлатҳо ва мардум дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг мебошад. Инчунин, таълим дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, омӯзиши мероси фарҳангӣ ва озодиҳои инсон ба ҳамаи забонҳо дастрас мебошад. ЮНЕСКО чор ҷанбаи асосии раванди таълимро муайян мекунад, ки омӯхтану донистан, қодир будан, омӯхтани зиндагӣ ва омӯзишу якҷоя зиндагӣ кардан иборат мебошад. Асоси фаъолияти ЮНЕСКО дар соҳаи фарҳанг тарғиби фарҳанги бисёрсоҳаи гуногуни давлатҳоро дар бар мегирад. Нуқтаи дигари фаъолият дар соҳаи фарҳанг ин нигоҳдории ёдгориҳои фарҳангӣ, таърихӣ мебошад, ки ба нобудшавӣ дучор гардидаанд.

  Зимнан, қайд намуд, ки ҳадафи асоси ин ҳифзи тарғиби ёдгориҳои таъриихии мероси хатии дар сатҳи баланд бардоштани руҳияи хештаншиносии шаҳрвандон, бахусус ба насли оянда  мавқеи муҳим дорад, боқӣ гузоштан аст.

Дар фарҷоми семинар-машварат ба варақаи пурсиши афкори иштирокчиён, оиди боло бурдани роҷеъ ба аҳамияти мероси хуҷҷатҳои  ниёгон баҳогузорӣ карда шуда бо саволу посухҳо ҷамъбаст гардид.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСеминар-машварат ҳифзи мероси ҳуҷҷатҳо
Scroll to Top