Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Соли 2025 – соли “Байналмилали ҳифзи пиряхҳо”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Боиси ифтихори мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид доир ба тағйирёбии иқлим, ки санаи 7 ноябри соли 2022 дар давлати Миср баргузор гардид ва дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷаноби Олӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва таназзулёбии пиряхҳои ҷаҳон ва аз он ҷумла, ба пиряхҳои Тоҷикистон, торафт кам гардидани захираҳои оби тоза ва оқибатҳои фалокатовари он ҷалб намуда қайд намуданд, ки “Бо дарназардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, ин раванд ба нақшаҳои истифодаи об дар кишварҳои минтақа мушкилоти иловагиро ба бор хоҳад овард.

Дар ин замина, мо дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намудем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад”.

Инчунин, дар ҳамин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд.

Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он дар СММ Қатъномаи махсус қабул гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мувофиқи қатъномаҳои аз тарафи СММ қабулгардида, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят солҳои 2018

2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид.

Ҳамин тариқ, дар тӯли зиёда аз ду даҳсола Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об дар ҷаҳон ҳамчун давлати пешоҳанг ва ташаббускор пазируфта шуда, ҳоло ин иқдомро давом дода истодааст. Дар ин муддат дар ҳошияи ташаббусҳои номбурда дар давлатҳои гуногуни дунё, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, платформаҳое ташкил карда шуданд, ки дар он масъалаҳои марбут ба об баррасӣ карда шуда, бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ин масъалаҳо то як андоза ҳалли худро ёфтанд.

Сайфиева Шарифахон – Мудири шуъбаи

оммавӣ – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСоли 2025 – соли “Байналмилали ҳифзи пиряхҳо”
Scroll to Top