Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист чорабинии шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин раванд, аз ҷониби кормандон дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ ва гирду атрофи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ тоза намудани гулгаштҳои роҳрав аз хасу хошоку алафҳои бегона, ба тартиб даровардани гулу гулбуттаҳо, дарахтони ҳамешасабз ва инчунин тоза намудани ҷӯйборҳои обрав ва баровардани партовҳо ба сомон расонида шуд.
Бояд гуфт, ки кормандони муассиса кӯшиш ба харҷ дода истоданд,ки ҳудуди боғи истироҳатӣ на фақат бо иҷроиши ҳашар-шанбегӣ,балки ҳамеша тозаву озодаю дилкаш,ки ба ҳусни боғ боз ҳусни тароват мебахшад, заҳмат мекашанд.
Аз ин лиҳоз, кормандони муассиса тасмим гирифтаанд, ки новобаста аз мавсими фасли сол ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот