Барои устувор гардидани ҳисси ифтихор аз ватану ватандорӣ ва умеди мардум ба ояндаи дурахшони мулки тоҷикон аз ҳамаи омилҳои ақлонӣ аз ҷумла сабақҳои бузурги таърихӣ истифода намоем. Дар ин бобат истифодаи имкониятҳои осорхонаҳои таърихӣ хеле муфид аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Осорхона - дар ҷомеаи имрӯза яке аз марказҳои асосии таърихӣ фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, мавқеи онҳо рӯз аз рӯз афзун гардида истодааст. Осорхона метавонад дар як фурсати кӯтоҳ гузаштаву имрӯзи неки тоҷиконро бозгӯ намояд. Дар ин ҷабҳа ташкилу баргузории экскурсияҳо дар осорхона бағоят муҳим аст. Вазифаи экскурсия ба тамошобинон пешниҳод намудани маълумот ва дар ин замина бедор намудани ҳисси шавқу рағбат нисбат ба як соҳаи мушаххаси дониш мебошад. Экскурсия барои аксари тамошобинон ин оғози такмилдиҳии дониши худ оиди мавзӯъҳои гуногун мебошад.
Тибқи назари осорхонашиносӣ экскурсияҳо аз рӯи хусусиятҳояшон умумӣ, мавзӯӣ, таълимӣ, методӣ ва ғайра мешаванд.
Мо, ки дар остонаи соли хониши нав қарор дорем, хостем оиди экскурсияҳои таълимӣ чанд ҳарф занем.
Экскурсияҳои таълимӣ, барои доираи хонандагони мактабҳои миёна ва олӣ, доир ба мавзӯи мавриди омӯзиш қароргирифта сурат мегирад ва сатҳи дониши иштирокчиёни экскурсияро нисбати мавзуи интихобшуда баланд менамояд. Яке аз намудҳои маъмули ин намуд , дарс-экскурсия аст. Омӯзгор ҳамроҳи хонандагон дар баробари аз худ намудани як мавзӯъ аз фанни таърих ё адабиёт барои ҷамъбаст ё мустаҳкамкунии мавзӯи интихобшуда метавонанд ба Осорхона ташриф оранд. Экскурсияро метавонад, роҳбалади осорхона ё худ бевосита худи муаллим гузаронад. Ин намуди таълим, ки ҳам амалию ҳам назариявӣ ба амал меояд, дар хотири хонандагон, то дер нақш хоҳад баст. Зеро мегӯянд “Шунидан кай бувад, монанди дидан”.
Масалан, дар синфи панҷум аз фанни таърих мавзӯҳои давраи асри санг омӯхта мешавад. Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бошад, толори “Ҳаёти одамони асри санг” мавҷуд аст, ки дар ин толор дар бораи давраи ҷамъияти ибтидоӣ, оиди гурӯҳ гурӯҳ шуда зиндагӣ намудани одамон, машғулияташон маълумот медиҳад. Ин толор бо омезиши ду санъат: рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ созмон дода шудааст, ки диққати касро ба худ ҷалб мекунад. Шавқу завқи хонандагони хурдсол бо баробари дидани ин толорҳо ва экспонатҳои он нисбат ба фанни таърих зиёдтар мегардад. Ҳамчунин, дар ин толор олотҳои сангини давраи палеолит, камон ва пайкони давраи мезолит ва дигар экспонатҳои нодири ин давра ба намоиш гузошта шудааст.
Аз ин рӯ аз роҳбарони муассисаҳо ва муаллимон даъват ба амал оварда мешавад, ки соатҳои дарс экскурсияро зиёдтар намуда, сафи ташрифи хонандагонро ба осорхонаҳо зиёдтар намоянд.
Бояд таъкид намуд, ки мақсади асосии мо аз рӯй овардан ба таърихи куҳани аҷдодӣ, ҳидоят намудани насли имрӯзу фардои тоҷик ба хештаншиносиву худогоҳии миллист. Зеро танҳо шахсе метавонад дар ободии ватани худ бикӯшад, ки аз таъриху фарҳанги миллати хеш огоҳӣ дошта бошад.
Саидова Дилором – корманди илмии
шуъбаи таърих