Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори эълон гаштани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷоя бо Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд силсилаи намоишҳои ҷашниро таҳти унвони “Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон” баргузор намуданд. Сухани ифтитоҳиро  Омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд - Бойматов Мансурҷон оғоз намуда, оиди ҳифзи пиряхҳо маърӯза намуданд. Баъдан сухан ба директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо дода шуд. Дар намоиш Салимбой Ҳасанов – профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии МДТ “ДДХ” ба номи академик Б.Ғафуров намояндагони муассисаҳои зертобеъи Раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд кормандони муассисаи Осорхонаи миллӣ,  кормандони муассиса иштирок намуданд.

Ифтитоҳи толори намоиши аз ҷониби Абдуҳаким Шарипов дотсенти ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва Иброҳимзода Зафаршо Сафо директори МД  “Осорхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо буридани лентаи рамзи ифтитоҳ ёфт.

Дар намоиш 19 адад асарҳо аз офаридаҳои мусаввирон ба монанди Хушвактов Х, Хошмуҳаммадов М, Серебрянский, Файзов ва ғ. гузошта шуда буд.  Аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 38 адад нигораҳо ба маърази тамошо гузошта шуда буд, ки тамошобинонро бо зебогиҳои манзараҳои кӯҳсорони нотакрори кишвар шинос менамояд.

Пирях - тӯдаи яхҳои табии рӯи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Пиряхҳо яке аз бойгариҳои беҳамто ба манбаи оби ширини сарзамини Мовароуннаҳр, ба хусус Тоҷикистон аст.

Санаи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллалӣ Муттаҳид  дар барои “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” аз иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созанда буда, барои даркидурусту амиқи истифодабарондагони об саҳми арзанда мегузоранд ва хоҳанд гузошт.

Сайфиева Шарифахон - Мудири шӯъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИнъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон
Scroll to Top