Чунин унвон дошт маҳфили илмӣ-адабие, ки дар толори осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Бахши Суғдии Иттифоқи Нависандагон ва МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» доир гардид.
Дар маҳфил меҳмонони зиёд аз ҷумла Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Аҳмадҷони Раҳмадзод, Муҳиддини Хоҷазод, Муҳаммад Субҳон, Маъмури Бобоҷониён, Атахон Сайфуллоев, Нурмаҳаммад Ниёзӣ, Озарахш, Камоли Рӯмонӣ ва дигар шоиру нависандагон иштирок доштанд. Дар оғоз Омири кулли МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳимов И.С. ҳамагонро хайра мақдам намуда, доир ба ҳаёт ва ашъори Камоли Хуҷандӣ маълумот доданд.
«Камоли Хуҷандӣ ва орифони ҳамрӯзгори ӯ» - таҳти ин мавзӯъ Ф.Насриддинов – доктори илмҳои филологӣ, директории МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» баромад намуданд. Чи тавре ки қайд гардид: «Шайх Камол бо лутф ва назари Илоҳӣ ба ҷаҳони ҳастӣ ворастааст. Дар байни орифону фозилони Хуҷанд, Чоч, Сарой, Табрез мақоми хосае касб карда буд ва анқариб бо ҳамаи онҳо дӯстӣ дошт, ки зикри ин дар сарчашмаҳо омадааст».
Сипас Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ хотираҳои худро аз сафари шаҳри Табрез ва мақбараву боғи Камоли Хуҷандӣ дар он макон баён намуданд.
Устоди ДДХ, ба номи академик Б.Ғафуров Тоҷибой Султонӣ перомуни «Хусусиятҳои умдаи шеъри Камол» ҳарф зада, якчанд байтҳоро аз ғазалҳои шоир маънибардорӣ карданд.
Чи тавре, ки дар маҳфил зикр гардид «он ҷое, ки шеър ҳаст, албатта суруд ҳам ҳаст». Аз ин хотир Ҳусейнҷон Юсупов аз ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ сурудҳо сароиданд.
Ҳамчунин шоири ҷавон Баҳроми Раҳматзод аз ашъори тозаэҷоди худ шеърҳо қироат намуд.Саидалӣ, Маъмур, Аҳмадҷони Раҳматзод низ аз меҳри шеъру ғазал ва суханҳои ноби Камоли Хуҷандӣ андешаҳояшонро иброз доштанд.
Ин маҳфили хотирмон орифонаву ошиқона ҷораён гирифт ва ба иштирокдорон Девони Камоли Хуҷандӣ, Девони Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва Маҷмӯаи шеърҳои Гулназар Келдӣ тӯҳфа гардид.