Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китобхона - пайдоиш ва вазифаҳои он

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китобхона (библиотека) - аз калимаи юнонӣ гирифта шуда маънояш махзани китоб яъне, библио – китоб ва тека - махзан, хазина мебошад.

Китобхона бо ихтирои хат ва пайдоиши нахустин мутуни навишторӣ дар марказҳои тамаддуни Шарқи Қадим падид омад ва тадриҷан такомул ёфт. Китобхонаро дар гузашта хазина ва ганҷина мегуфтанд. Китобхонаҳои аҳди бостон, маъмулан дар назди дарбор  ва маъбадҳо сохта мешуданд. Китобхонаҳои нимаумумӣ ва шахсӣ низ роиҷ буд.

Китобхонаҳоро дар Мисри Қадим «Хонаи китоб» меномиданд (машҳуртаринашон китобхонаи маъбади Рамзеси 2, 1300 то м.). Китобхонаи Ашурбанипал (асри 7 то м.  20–30 ҳазор паёму фармони шоҳӣ ва адабиёт оид ба ҷуғрофия, математика, астрономия, тиб, забон, фарҳанг ва дин дошт) ва ин китобхона то таъсиси Китобхонаи Искандария муҳимтарин китобхонаи аҳди бостон буд.

Китобхонаи Перғам (Осиёи Хурд) ҳазорон тумори чармин дошт. Таъсиси қадимитарин китобхонаи Хитой ба сулолаи императории Чжоу тааллуқ дорад.

Калонтарин китобхонаи умумӣ дар Юнони қадим дар садаи асри IV то м. бино шудааст, Арасту ном дорад, ки   беш аз 40 ҳазор тумор дошт.

Дар манобеи маъхазҳо аз китобхонаҳои шахсии Афлотун, Аристофан, Демосфен ва дигарон низ ёд шудааст.

Бино бар ахбори маъхазҳо дар охири садаи IV то м. дар Руми Қадим беш аз 30 китобхонаи умумӣ мавҷуд буд.

Дар ибтидои асрҳои миёна дар Аврупо маркази фарҳанги китобдорӣ китобхонаҳои дайру калисоҳо ба вуҷуд омад, ки маҷмӯи китобҳои муқаддас ва адабиёти диниро фаро мегирифтанд.

Қадимтарин китобхона дар Русия китобхонаи Калисои ҷомеи София дар Киев (асри XI) маҳсуб мешавад. Баъдан дар шаҳри Москав китобхонаҳои салтанатӣ ва хусусӣ пайдо шуданд.

Дар давраи Эҳё бо рушди илму фарҳанг ва санъати чоп теъдоди китобхонаҳо (адабиёти дунявӣ ва нодир доштанд) афзуданд.

Аз садаи қарни XVII китобхонаҳои калони аҳаммияти ҷаҳонидошта [китобхонаи Лауренсианаи Флоренсия, китобхонаи шоҳии Лувр (ҳоло китобхонаи миллии Фаронса), китобхонаи Ватикан, асрҳои 17–19 Бодлиёни Оксфорд, китобхонаи Музейи Британия, Конгресси ИМА] таъсис ёфтанд.

Аз нимаи 2-юми садаи асри XIX теъдоди китобхонаҳои тахассусӣ (илмӣ, академӣ, китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, осорхонаҳо, ҷамъиятҳои илмӣ, ҳизбӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ) ва оммавӣ афзуданд.

Дар садаи  қарни XX иттиҳодияҳои миллӣ ва байналмилалии китобхонавӣ таъсис ёфтанд. Бо рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ китобхона ба маркази универсалии иттилоот табдил шуд.

Китобхонаҳои электронӣ (дар ИМА, 1980, Англия, 1990, Русия, 1995, Тоҷикистон, 2000), хонандаи онлайнӣ ташаккул ёфт. Дар фаъолияти китобхона равандҳои инноватсионӣ амалӣ мешаванд.

Китобхонаҳои муосир аз пешин бо хусусиятҳои зоҳирӣ, меъморӣ, хадамот ва таҷҳизоту технологияи муосир тафовут доранд.

 

Доираи фаъолияти асосӣ ва вазифаҳои китобхона:

Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ғанӣ гардондани адабиёти чопӣ ва анвои дигари иттилоот; таъмини иртибот байни аснод ва истифодабаранда; пешниҳоди хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ ва библиографӣ, таъмини дастрасӣ ба хазинаи китобхона ба василаи низоми феҳристҳои анъанавӣ ва электронӣ, захираҳои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ; ташкил ва истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи китобдорӣ; пешбурди фаъолияти илмӣ, омӯзишӣ ва методӣ. Ҳадафи китобхона: қонеъ кардани ниёзҳои иттилоотии истифодабарандагони адабиёт. Вобаста ба вазифа, ҳадаф ва ҳайати истифодабарандагони китобон таърихан анвои гуногуни китобхона ташаккул ёфтааст: мувофиқи мансубият китобхонаи оммавӣ (умумӣ) ва шахсӣ (ба гурӯҳи китобхонаҳои оммавӣ китобхонаҳои давлатӣ, мас., китобхонаи миллӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, китобхонаҳои шаҳраку деҳот, вазорату идораҳо, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дохиланд); аз рӯи ҳайати истифодабарон китобхонаи дастраси умум (новобаста ба мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ дастрасанд ва фонди универсалӣ доранд), илмӣ ва махсус (китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-техникӣ, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо); мувофиқи хусусиятҳои синну солӣ китобхонаи калонсолон, ҷавонон, бачагона; вобаста ба таркиби фонд универсалӣ, соҳавӣ, бисёрсоҳа; калон, миёна, хурд; истифодаи фонд мустақим (кушода) ва ғайримустақим; аз рӯӣ шакл ва забони асноди маҳфуз китобхонаи адабиёти хориҷа, патентӣ-техникӣ; мувофиқи пешниҳоди мавод ва аснод абонементӣ (амонатдиҳӣ, истифодаи мавод берун аз китобхона), барои толори хониш (танҳо дар дохили китобхона) ва омехта (ҳар ду равиш); моликият хусусӣ, пулакӣ, ройгон ва ғ. мешавад.

Китобхона дар 3 бахш – хидматӣ (ташаккули фонд ва дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиграфӣ, корҳои методиву илмӣ ва ғайра), ҷои мутолиа (толори хониш, хонаи каталогҳо, абонемент) ва махзани китоб (маҳфузгоҳ) фаъолият мекунад. Китобхонаҳои муосир бахшу шуъбаҳои мухталиф доранд. Китобхона тавассути мақоми давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. Асоси сиёсати фаъолияти китобхонавиро фароҳам овардани шароит барои дастраси умум будани иттилоот ва арзишҳои фарҳангӣ дар бар мегирад.

Ҳоло дар Тоҷикистон 1355 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ (аз ҷумла 75 бачагона) мавҷуд аст. Фаъолияти китобхонаҳо дар Тоҷикистон мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», барномаҳои давлатии соҳаи китобдорӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

Даврон Исобоев – мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитобхона - пайдоиш ва вазифаҳои он
Scroll to Top