Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳамоиши ҷавонон пайрави Пешвои миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асоси нақша-чорабинии филиали Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар назди Хона-музейи Камоли Хуҷандии  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барномаи фарҳангӣ таҳти унвони ”Ҷавонон пайравони пешвои миллатанд” баргузор гардид.

Чорабиниро директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Бойматов Мансур Тошматович ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайра мақдам намуд. Баъдан дар бораи имрӯза дастовардҳои меҳнатӣ ва самараи ислоҳот дар соҳаҳои фарҳангу иқтисодиёт, баланд шудани руҳияи худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар суханронӣ намуд.

Сония, сухан ба мутаххасиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Усмонова Фароғат дода шуд.

Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар ҳақиқат ҷавонони кишвар нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Аз марҳилаи аввали соҳибистиқлоли кишвари азиз, то имрӯз ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, ки ин муҳаббат, ғамхориву самимият меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашро ба арзишҳои муқаддасоти миллӣ афзун мегардонад, ки саҳми ҷавонони кишвар басо бузург аст.

Баъдан, сухан ба роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Тошматов Даврон дода шуд. Ӯ дар баромади худ қайд намуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ бештар гардидааст. Пас, мо бояд ҷавонон пайваста бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллати хеш ифтихор кунем, барои ҳифзу ҳимояи кишвари азиз, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омода бошем.

Сипас, суханро ба муовини раиси филиали Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Фахриддинзода Фирдавс дода шуд. Ӯ дар баромади худ бо чанд факту нишондодҳои тасдиқшуда пеш овард, ки хоса дар даврони соҳибистиқлоли сафи идоракунандаи кишварро 30% - ашро ҷавонон ташкил медиҳад. Ӯ иброз дошт, ки ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат,қувваи тозаи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидахотирӣ ва миллии кишвари ояндасоз, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва мустаҳкам, масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлат дучанд мегардонад.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби филиали Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  чанд ҷавонони муассисаи мазкурро баҳри саҳми муносиб гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲамоиши ҷавонон пайрави Пешвои миллат
Scroll to Top