Дирӯз нишасти матбуоти Раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд, дар толори хурди Муассисаи давлатии “Коҳи фарҳангӣ Суғдиён” бо иштироки Сардори раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,Қосимов Бахтиёр Иброҳимович, мутаххасисони соҳаи фарҳанг ва рӯзноманигорон баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро Сардори раёсати фарҳанг Бахтиёр Қосимов ифтитоҳ намуда аз ҷумла гуфт,ки дар тӯли шашмоҳаи сипаришуда, аз ҷониби муассисаҳои фарҳанги вилоят Суғд чорабиниҳои мухталиф ба анҷом расонида шуданд.
Ӯ инчунин гуфт,ки риояи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ,суннатҳои аҷдодӣ, бахусус ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ-2023 ,ки дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олиқадр баргузор гардид.Дар ин чорабинии ҷумҳуриявӣ бо барномаи фарҳангӣ ва “Корвони наврӯзӣ” дар сатҳи баланди ташкилӣ ва эҷодӣ доир гардид,ки зиёда аз 25000 сокинон ва тамошобинон аз шаҳру навоҳии кишвар ва санъаткорони варзидаи кишвари Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Дар идома сухан гуфт,ки диққати асосиро ба такмилу тарбияи мутаххасисони соҳибихтисоси соҳаи санъат ва фарҳанг равона гардида, ибрози назар кард.Барномаҳо ва фестивал-озмунҳо дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳо,ки тӯли солҳои истиқлолият барои рушди фарҳанг ва санъати касбӣ, фароҳам овардани фазои мусоид, муассисаҳои фарҳангӣ як қатор барномаҳои давлатӣ бо нақшаҳои мушаххас пешниҳод гардида буданд гуфта гузашт.
Бояд гуфт,ки дар ҷамъбасти шашмоҳа кормандони илмии осорхонаҳои шаҳру вилояти Суғд,минҷумла директори Осорхонаи вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”,Бойматов Мансур Тошматович иштирок намуданд.Ӯ аз ҷумла хотирасон намуд,ки бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон аллома академик Бобоҷон Ғафуров осорхонаи Ҷумҳуриявии академик Б.Ғафуров,воқеъ дар шаҳраки Ғафуров пурра таъмир ва намоишгоҳи осорхона ба таври замонавӣ навсозӣ мегардад.
Дар нишасти ҷамъбасти шашмоҳаи фарҳангӣ вилояти Суғд аз ҷониби рӯзноманигорон посухҳои мушаххас гирифта шуданд.
Дар фарҷом,Сардори раёсати фарҳангӣ вилояти Суғд, Бахтиёр Қосимов баҳри тақвият бахшидани корҳои ободонӣ,тозаву озода нигоҳ доштани боғҳои фароғатӣ,суръатбахши рушди фарҳанг ва маҷмуан сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумимилии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот.