Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Лаганди мисин

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Яке аз ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик, ки ба истеҳсоли зарфҳо, зеварҳо ва олоти рӯзгор асос дорад, ин мисгарӣ мебошад. Агар ба истилоҳи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, лаган маънои зарфи чуқури физилӣ барои дастшӯӣ ё ҷомашӯӣ, тағора, табақи калон, лаълӣ ифода ёфтааст. Мардуми ҳунарманди ниёгони халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба гудохтани мис ва аз он сохтани кулоҳу камарбанд, аслиҳаи ҷангӣ, кӯзаву табақҳо, дег, лаганд ва зарфҳои дигар оғоз карда буданд.

Бояд гуфт, ки истеҳсоли маснуоти мисӣ, махсусан дар давраи шоҳаншоҳии Сомониён хеле равнақу ривоҷ ёфта буд. Дар Бухоро пойтахти давлати Сомониён чароғҳои мисӣ, чилим ,сандуқҷаҳо ва дар Самарқанд дегу кӯза, лагандҳои мисини гуногунҳаҷм, инчунин ҷомҳои нафиси мисӣ месохтанд. Гуфтан ба маврид аст,ки аз охирҳои асри XIX сар карда, мисгарони тоҷик ба маснуоти мисӣ насб намудани сангҳои гаронбаҳо, шишапораҳои ранга ва нигинҳо шуруъ карданд ,ки ин амал ба ашёи сохтаашон ҳусну тобиши тоза мебахшид. Дигаре бошад, мисҳои зарду сурх аз физилоти дӯстдоштаи мисгарон ба шумор рафта, барои сохтани ҳалқаи дару дарвоза, лаганд, қубба, чароғ ва ғайра истифода бурда мешуданд. Ҳунармандони мисгар маснуоти мисиро пас аз тайёр шудан бо искана ҳаққоқӣ мекарданд. Навъҳои маъмули ашёи мисини ҳаққоқшудаи ҳунармандон ин офтоба, кӯза, чойҷӯш, дег, лаълӣ, қандоб, чилим, чароғ, шамъдон, карнай, гулдон, қаламдону рангдон, лаганд ва ғайра мебошанд.

Яке аз намуди ашёи лаганди мисини катибадор, ки сохташ соли 1896 аз тарафи мисгари мардумии Қӯқанди Ҷумҳурии Узбекистон усто-Имомназар сохта шуда, аз ҷониби шаҳрванди Қуқанд Назарова Назира санаи 19 сентябри соли 1966 харидорӣ карда шудааст, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” бо қайди аломатии моликият (таҳти №КП-405/1) баҳри тамошобинон гузошта шудааст.

Маъмулан ба гузашта назар афканем, аниқтараш солҳои 20-40 уми асри XX дар баробари нақшҳои анъанавӣ тасвирҳои ситораи панҷгӯша, досу болға, ғӯзаи пахта ва дигар рамзҳои идеологияи давлати шӯравӣ дар ороиши маснуоти мисӣ истифода мешуданд. 

Ҳоло бошад, дар шароити кунунии имрӯза барои эҳё нигоҳ доштани ҳунарҳои анъанаҳои халқи тоҷик, мисгарон ба сохтани маснуоти армуғонӣ, зеварҳо, карнай ,лаълӣ, лаганд, тағора, дег, табақҳои гуногунҳаҷм ба монанди инҳо машғуланд, ки дар ҷаҳони муосир хело шуҳратёр  гардидааст.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЛаганди мисин
Scroll to Top