Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мӯрӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар замони гузашта сохтмонҳои аксарияти хонаҳои истиқомати аз маҳсулоти гилин сохта ба истифода дода мешуданд. Анъанаи мардумӣ дар ҳар маҳалла ё гузар, тариқи ҳашар бо воситаи устои хонапӯш хона пӯшида мешуданд. Лек, бо мурури замон ин анъанаи халқӣ қариб ки аз байн рафт истодааст. Ҷояшро манзилҳои замонавӣ иваз кард, ки хонаҳои бетонии баландошиёна қомат афрӯхта истоданд. Шубҳае нест, ки хонаи гилин як сохтори аз ҷиҳати экологӣ беҳтар буда, дар мавсими фасли тобистон салқин ва зимистон гармиро нигоҳ медорад. Дигаре бошад, ба манзили хонаҳои гилин ҳеҷ кас ҳасад намебарад, чунки оддӣ, шинам ва дилкаш сохта шудаанд.

Афзалияти хонапӯши дар замонҳои пеш он буд, ки дар мобайни хона, яъне даҳлез, обрез ва мӯрӣ бо оташдон пӯшида мешуд. Аз тарафи рост хонаи калон(меҳмонхона) аз тарафи чап хонаи нишаст мавҷуд буд. Бояд гуфт, ки хонаҳои гилини истиқоматӣ чандин маротиба устувор буда дар манзили тозабунёд ҳатман мӯриро ба назар мегирифтанд.

Дар асл агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, маънои мӯрӣ сӯрохии махсуси дудкаши хона, дудкаш, дудбаро, равзан барои берун рафтани дуд нишон дода шудааст. Асосан мӯриро дар хонаҳои анъанавии қадимаи ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон сохта мешуд, ки дуди оташдон бо воситаи он берун мебаромад. Бояд гуфт, ки мӯрӣ аз боми хона то ба андозаи 40-90см баландтар бардошта мешуд, ки аз қадимулайём маъмул буд. Чунин намуди сохти пурраи мӯрӣ бо оташдон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  баҳри тамошобинон  гузошта шудааст. Шояд, мӯрӣ аз номи хонаи махсус, ки мӯр ном дошта бошаду аҳли оила дар атрофаш ҷамъ омада нишаста бошанд. Табиист, ки чунин намуди ошхонаи қадимаи миллӣ таваҷҷуҳи бештари меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад, ки як манзараи зебои миллӣ метавон дар хона ҷой гирифт.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМӯрӣ
Scroll to Top