Наҷиб Моили Ҳиравӣ нусхашинос, нависанда, пажӯҳишгар соли 1329/1950 дар шаҳри Ҳирот дар Афғонистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Овони кӯдакияшро дар Ҳирот гузаронидааст ва таҳсилоти муқаддамотии худро дар мактабҳои қадимии ҳамин шаҳр оғоз кард. Дар 6-солагияш бо аҳли хонаводааш ба шаҳри Кобул рафт ва дар мадориси он шаҳр ба идомаи таҳсил пардохт. Дар соли 1349/1970 дар Анҷумани таърихи Кобул ба фаъолиятҳои фарҳангӣ пардохт ва омӯзишҳои нусхашиносиро дар хамон ҷо назди падар Ризо Моили Ҳиравӣ оғоз намуд. Ҳамчунин, Наҷиб Моили Ҳиравӣ дар риштаи забон ва адабиёт рағбати бисёр дошт. Ин буд, ки соли 1350/1971 ба Эрон кӯч баст ва таҳсилоташро дар риштаи забону адабиёт дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад пай гирифт. Солҳои 1978-1981 дар Китобхонаи Остони Қудси Разавӣ барои тадвини феҳристи он машғул шуд ва пас аз он дар китобхонаи шахси худ идомаи таҳқикашро давом дод. Пас аз муддати фаъолият ба Теҳрон омад ва дар муассисаи пажӯҳишҳои исломӣ ба таҳқиқу мутолеаи китобшиносӣ ва тасҳеҳи мутун пардохт.
Устод Наҷиб Моили Ҳиравӣ асарҳои хеле гаронбаҳое таълиф кардаанд, ки он ҳам дар риштаи адабиёт ҳам дар риштаи забон ва ҳам дар риштаи илми нусхашиносӣ бахшида шудааст ва ман якчанд китобҳое, ки вобаста аст ба илми нусхашиносӣ мехостам ба забон биёварам.
Яке аз он нақду тасҳеҳи мутун (ё худ марҳилаҳои нусхашиносӣ ва тасҳеҳи нусхаҳои хаттӣ) дигаре бошад, таърихи нусхапардозӣ ва тасҳеҳи интиқодӣ нусхаҳои хаттӣ.
Ҳамин ду китобе таълиф шудааст аз беҳтарин ва муҳимтарин сарчашма барои илми нусхашиносӣ мебошад.
Масалан, якум китобе ин ҷо зикр кардам нақду тасҳеҳи мутун ман фақат дар бораи якчанд боби он сухан мекунам.
Боби аввал: Нусханависӣ ва давраҳои он. Ин боб аз 17 фасл иборат буда, аз таърифи калимаи нусха оғоз шуда то нусхаҳои чинӣ давом мекунад.
Боби дувум: Қонунҳои нусханависӣ. Боби мазкур аз 33 фасл иборат ва зерфаслҳо иборат аст. Аз табақабандии нусхаҳои хаттӣ оғоз ёфта, бо ҳосили кӯшиши қонунҳои нусханависӣ анҷом ёфтааст.
Боби савум: Сохтори нусхаҳои хаттӣ. Ин боб аз 19 фасл иборат буда аз сохтори китоб оғоз шуда, анҷом меёбад бо ибороту изофот ва сафаҳоти бадрақа. Ин чанд бобу фаслҳое, ки дар ин зикр шудааст овардем.
Дигар асари устод нусхапардозӣ аст, ин китоб асари дар боло зикр шударо мукаммалтар кардааст.
Наҷиб Моили Ҳиравӣ ба ғайр аз ин чанд асарҳои дигар ҳам дорад, ки ба адабиёту забон бахшида шудааст. Аз ҷумла: Дар шабистони ирфон, Шарҳи Маснавӣ мавсум ба “Махзан-ул-асрор”-и Валӣ Муҳаммад Акбарободӣ, Одоб-ул-муридин ва ғ.
Моили Ҳиравӣ ҳамчунин ҷоизаи адабӣ-таърихӣ бунёди Маҳмуд Афшори Яздӣро дар маркази Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ дарёфт кардаанд. Ин ҷоиза ки барои як умр дастовард барои хидмат ба таъриху забон эҳдо мегардад.
Айни ҳол устод Наҷиб Моили Ҳиравӣ дар қайди ҳаёт ҳастанд ва хидмати халқу миллати худ ва дар тарбияи шогирдони хеш ҳастанд.
Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи китобҳои устод ҳастанд, метавонанд аз маъхази осорхонаи мо дар шакли PDF пайдо карда бошанд.
Даврон Исобоев - Мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр