Санаи 21 – уми июли соли 2023 тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур сармуҳаррири рӯзномаи “Шафақ” Юсупова Назокат иштирок намуд. Маҷлисро омири кулли МД МФИ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. оғоз намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи нимсолаи аввали ташкилоти ибтидоии “Қалъаи Хуҷанд” аз натиҷаҳои фаъолият аз тарафи ҷонишини омир оид ба корҳои илмии осорхона Нодира Олимова шунида шуд. Аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома маърӯза бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ аз тарафи Раиси иттифоқи касабаи маҷмаа Шарифа Сайфиева шунида шуд.
Инчунин дар маҷлис интихоби Раиси ташкилоти ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда Иброҳимов Иброҳим Сангинович аз нав раиси ташкилоти ибтидоии “Қалъаи Хуҷанд” интихоб гардид.
Дар ҷараёни маҷлис баромадкунандагон таъкид намуданд, ки мақсади асосии ҳизб нигоҳ доштани Истиқлоли давлатии кишвар, ҳифзи сохти конситутсионии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносӣ дар афкори мардум, ба даст овардани ризоияти ҷомеа, рушди иқтисодӣ ва такмил додану устувор намудани давлате, ки қатъи назар аз миллат, наҷод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, иштироки онҳоро дар идоракунии ҷомеа таъмин намояд.
Мафҳуми «ҳизби халқӣ» нисбат ба дигар мафҳумҳо маънои васеътар дорад. Бо ибораи дигар, ҳизби халқӣ бояд манфиатҳои кулли мардумро ҳимоя кунад. Боиси сарфарозист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташкилшавиаш то имрӯз ин рисолати таърихиашро сарбаландона ба ҷо меорад.
Ҳизби мо ҳамеша бо халқ ва бо халқ мемонад. Ва ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаи Раиси ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Баъд маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Қалъаи Хуҷанд” ба кори худ хотима бахшид.
Олимова Нодира - муовини директори осорхона