Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

САБТИ БАРНОМАИ «БОНУ»

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ баъди боздид аз «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» оиди дар ҳавлии Камоли Хуҷандӣ пухтани таомҳои миллӣ ва гузаронидани маҳфилҳои адабӣ вазифагузорӣ намуда буданд.

Ҷиҳати иҷрои онҳо дирӯз дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ТВ Суғд барномаи телевизионии «Бону» ташкил намуданд. Барандаи барнома Ҳадябону Набизода ва гурӯҳи гулдухтарони шаҳри Хуҷанд анъанаҳои миллии тоҷикиро нишон доданд.

Ҳадафи барнома ин пухтани оши палави тоҷикӣ ва инъикоси маросими арӯсбиёрон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буд. Маҳфил бо шаҳомати хоса дар шабистони ҳавлии Камоли Хуҷандӣ дар гирди сандалии бобоӣ бо садои доираю танбӯр ва суруду рақсҳои зебои тоҷикӣ то дергоҳ давом кард.

Дар назар аст, ки чунин маҳфилу барномаҳои адабӣ ҳар ҳафта аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят гузоронида мешавад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСАБТИ БАРНОМАИ «БОНУ»
Scroll to Top