Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҶӮЙИ РАЗЗОҚ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл кишвари Тоҷикистон мавсимаш  гарм, хушк  ва зимистони кӯтоҳу мулоим ва тобистони тӯлонии гарм дорад. Фасли тобистон ва тирамоҳ, ки Хуҷандшаҳр дар иқлими шимолӣ ҷойгир аст,боди гармсел мевазад. Аз ин рӯ ба боғоту киштзорҳо зарари калон мерасонад.Барои пешгирии гармсел дарахтшинонӣ, обёрӣ, обёрии сунъӣ ва ғайра мадад мекунанд.

Ба ин хотир, мавзеи дарахтони ҳамешасабзу гулу гулбуттаҳои Боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз боду ҳавои гарм инсонро эмин нигоҳ медорад.Мардум шомгоҳон  барои сайру гашт ва истироҳат мебароянд. Гуфтан ба маврид аст, ки Боғи фарҳангию фароғатиро мақбари рамзӣ ва муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, ”Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ” бо сарҳавз ва Чорбоғ, айвонҳои миллӣ, силсилаи фаввораҳо ва обшорон, бахусус ҷӯйи Раззоқ ҳусни таровати тоза ба кас мебахшад.Чунон дарёфтем, ҷӯйи Раззоқ, ки дар гузашта аз назди қалъа ҷорӣ мешуд,фаъолтар намуда бо сангҳои аз дарёи Вахш оварда оро дода шудаанд, ки шилдирроси оби ҷӯйбор ва бозии оби фаввораҳо чун мусиқӣ бо ҳам омехташуда фораму дилрабою гӯшнавоз ба кас ҳаловат мебахшад.

Агар дар истилоҳи фарҳанги тасфирии забони тоҷикӣ назар афканем, ҷӯй-маънои замини ба дарозӣ кашидашуда ё ба таври табии кофташуда,ки дар он об ҷорӣ мешавад,наҳри хурд,ҷӯйи равонро медиҳад.Бояд гуфт,ки дар боғи фарҳангӣ, ҷӯйи Раззоқ гардиши каҷукилеб дошта масофаи 180м/т, бараш 1,5м/т-ро дар бар мегирад. Асосан аз ҳавзи захиравӣ бо об таъмин буда, бо муҳаррикҳои шиддаташон баланд обро гардиш медиҳанд. Барои гузаштан аз наҳрчаи сунъӣ ҳафт адад кӯпрукчаҳои ороишӣ зеб медиҳанд,ки мардум бемамоният гаштугузор мекунанд.

Қобили қайд аст, ки вобаста ба шароит  ҷӯйи Раззоқ аз тарафи масъулин саривақт аз хасу хошокҳо тозаву озода мекунанд, ки ба шарти ҳолати санитарӣ ҷавобгӯ мебошад. Бояд, об доимо тозаю мусаффо ҷорӣ гардад. Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи инсон болидаву хотиросуда мегардад. Табиати боғи фарҳангию фароғатӣ бо чӯйбору дарахтонаш чун чатри сояафкан метавон ташбеҳ дод, ки инсониятро аз сардии мавсими гармӣ эмин нигоҳ медорад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶӮЙИ РАЗЗОҚ
Scroll to Top