Тӯмор – (طومار) аслан калимаи юнонӣ буда, бо мурурӣ замон ба хонадони забонҳои арабӣ ворид гардидааст.
Маънои вожаи тӯмор нома, ё ягон навишта ва ё ин ки мактуби ба шакли гуногун печонидашуда мебошад. Эътиқод ба тӯмор аз қадим байни мардуми авом вуҷуд дошт. Тӯморро маъмулан муллоҳо ё умуман шахсиятҳои динӣ, ки назди деҳа ё минтақаи зисташон бо зуҳду тақво шинохта шуда ва ба ақидаи онҳо даму нафаси хубе доранд, барои шифои беморон, баракат дар касбу кор, кушоиши бахт, эмин мондан аз балоҳо ва корафтодагон медоданд. Вале имрӯзҳо чунин ба назар мерасад, ки фолбинон, соҳирон ва ба қавли худи мардум муллоҳои ҷодугар низ барои сеҳру ҷоду ба манфиати худ истифода мебаранд. Пас, метавон гуфт, ки имрӯзҳо тӯмор бинобар тафовути ҷиҳатҳои гирифтани он бо мақсадҳои гуногуне, аз қабили ҳимоя аз чашми бад, нигаҳ доштан аз зиёни сеҳру ҷоду, паноҳ аз шарри одамони баддил, кушоиш дар касбу кор, моил сохтани дили касе ба худ ва ғ. навишта мешавад. Дар таносуб бо мақсади навишташ ва таъсири он дар байни он пари ҷонвар, пашм, пӯст ё сӯзан мегузоштанд, то сеҳрашон ба онҳо таъсир расонад. Вале ин гуна таъсири навиштаҳои ҷодуӣ, истионат ва тавассул ба шаклҳои сеҳрӣ бар асоси таълимоти динӣ ислом ширк аст, зеро ин ба маънои эътиқод ба сифот ва қудрати таъсиргузорие дар ашё аст, ки аз сифот ва салоҳиятҳои Худованд мебошанд.
Тӯморҳо дар гузашта гоҳе бо порчаи зарифе аз берун муқавво карда мешуданд ё дар ғилофи чармӣ ва ё сандуқчаи чӯбӣ ё филизӣ ҳифозат мешуд ва он дар либос, пештоқи хона ва ё ҷои дигаре мувофиқ бо мақсади гирандаи он овехта мешавад.
Ҳоло бошад, тӯморнависӣ аз байн рафта, эътиқод ба он қариб барҳам хӯрдааст.
Имрӯзҳо дар осорхонаҳои кишварамон намудҳои гуногуни тӯморҳо ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад.
Аз ҷумла дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар толори намоиши таҳти мавзӯи “Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар давраи истилои Араб” Тӯмори чармин бо навиштаҷоти дуо ва тасмаи сиёҳ ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Муродҷони Шовазир – роҳбалади осорхона