Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Истиқболи корвони "Модарони ваҳдатсаро"

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат мебошанд. Мо бояд ифтихор кунем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпавар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифати олиро ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад.

Санаи 14-уми июли соли равон аз  Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” як гурӯҳ занону духтарони фаъол аз корвони “Модарони ваҳдатсаро ” ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзодаро муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва бонувони фаъоли вилояти Суғд дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ  истиқбол намуданд. Сипас меҳмонон аз мақбара, Хона музейи  Шайх - Камоли Хуҷандӣ ва аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд,  онҳоро Олимова Н-ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ ва Сайфиева Ш-мудири шӯъбаи оммавӣ -фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа ҳамроҳӣ намуданд.

Беҳуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: “Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, зан- модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад.”

Мақсад аз боздиди корвони “Модарони ваҳдатсаро” таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат, ва барои шиносоӣ, баланд намудани сатҳи ҷаҳонбинии занону духтарон буда доир ба зиёд намудани шумораи занони пайрав дар манотиқи Ҷумҳурӣ ташкил шудааст.

 

Сайфиева Ш-мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИстиқболи корвони "Модарони ваҳдатсаро"
Scroll to Top