Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Меҳнати пурсамар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Номи бостоншинос, донандаи маданияти бостонии Осиёи Миёна Беляева Т.В.(04.07.1942 -20.09.2017) дар вилоят дар робита ба кофтукови ёдгориҳои зиёд инчунин,дар қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистон машҳур гардидааст.Ӯ дар давраи фаъолияти илмиаш,оид ба ташаккулёбии дар бостоншиносии Осиёи Миёна саҳми арзанда гузоштааст.Дар ин робита ба бозёфтҳо ва ҳафриётҳои муваффақ ҳамкорон ноил гардидани Беляева Т.В. кофтуковчии беҳтарин ва муҳаққиқи бо муваффақ донистанд. Гуфтан ба маврид аст, ки дастовардҳои Беляева Т.В,кашфи ганҷинаи ашёи тиллоии “Далверзин”, кофтукови шахри афсонавии бостонии “Искандарияи Эсхата”,кашфи шаҳраки Нуртеппа – ёдгории охирини биринҷӣ ва оҳани барвақтро дар ҳудуди вилояти Суғд дарёфтааст. Албатта,заҳмати бостоншиноси беҳтарин сабаб дорад,дастовардҳои Беляева Т.В. пеш аз хама,натиҷаи ҷустуҷӯи ва заҳматҳои зиёд дар саҳро,инчунин омӯхтани адабиёти илмӣ мебошад.Беляева Татъяна Владимировна  4 июли соли 1942 дар райони Кировскии шаҳри Тошкент дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1975 Беляева.Т.В бо даъвати академик Н.Неъматов сардори экспедитсияи комплексии археологии Тоҷикистон шимоли таъин мегардад. Сониян ба факултаи таърихии Донишгоҳи Олӣ ба номи Аҳмади Дониш дохил шуда ба дастаи ЭКАТШ ҳамроҳ шудааст.Солҳои минбаъда (аз соли 1976 сар карда) Беляева Т.В ҳамчун сардори отряди ҳафриётро дар ҳудуди Хуҷанди қадим ва асримиёнагӣ идома додааст.Беляева Т.В ҳангоми кофтуков дар ҳудуди қалъа барои тамоми давраҳои ҳаёти Хуҷанд маводҳои бойи сафоли ба даст овардааст.Бузургтарин объекти кории Беляева Т.В дар Хуҷанд чоҳи стратиграфии №29 мебошад,ки соли 1975 оғоз гардидааст. Ин чоҳ (бо масоҳати 16х4) дар арки Қалъаи Хуҷанд гузошта шуда,ба сатҳи умқи оварда шудааст.

Дар давоми 6 сол Беляева Т.В ки сарварии Нидҷонӣ (1980-1981) ва Нуртеппин (1982-1985) буд, ҳашт мавсими саҳрои гузаронида, 15 маротиба ҳафриёт гузаронидааст. Беляева Т.В. дар тӯли солҳои фаъолияти илмии худ дар баробари кофтуковҳои саҳроӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст, ки дар зиёда  аз 100 нашрияҳо иникос ёфта аст.

Оре, меҳнати  пурсамари Беляева Т соли 1989 бо медали “Ветерани меҳнат” мукофотонида шуда, соли 1990 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта , дар шаҳри Тошканд кору зиндагӣ намудааст.Беляева Т 20 сентябри соли 2017 дар шаҳри Тула (Федератсияи Руссия) вафот мекунад. Мо боварӣ дорем, ки асарҳои илмии Беляева Т, ҳеҷгоҳ аҳамияти худро гум нахоҳанд кард ва барои бостоншиносони оянда, чун таърихи маданияти моддии халқҳои Осиёи Миёнаро таҳқиқ мекунанд ва дастурамали имлӣ хоҳад монд.

Азимова Мадина-роҳбалади осорхонаи бостоншиносӣ

 

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМеҳнати пурсамар
Scroll to Top