Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Одоби муошират

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

    Дар фарҳанги мардуми тоҷик нахустин афкори ахлоқӣ ин одоби муошират мебошад. Одобу ахлоқ инсонро  на танҳо фикру андешаи нек ҳангоми муошират, балки сухани хуб гуфтан ҳидоят мекунад.  Инчунин дар ҳолати муошират каме табассум намудан, ҷавоби саҳеҳ додан, сухани кофӣ гуфтан ва туҳфа ҳадя намудан ва дигаре ин амалҳои нек одоби муошират мебошад. Чунин муомилаҳои муошират инсонро ба мартабаҳои баланд обрӯю эҳтиромашро зиёда мегардонад.  Дар кадом ҳолате набошад, инсон бояд рафтори шоиста дошта бошад.Ба ин хотир дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар даромадгоҳи девори толори тамаддуни ориёи бо хати заррин аз китоби “Авасто” шиори дини зардушиён “Пиндори нек,кирдори нек,гуфтори нек” навишта шудааст,ки ақидаи нек оид ба одоби муошират дарҷ ёфтааст. Тибқи талаботи ин китоб инсон ҳамеша бо муборизаи некию бадӣ рӯ ба рӯ гардида, ҳамеша  ҷонибдории  некӣ мебошад.

       Мутафаккури бузурги олими шинохтаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) ақида доштанд, ки ахлоқи инсони на модарзодӣ балки касбӣ мебошад,  яъне ақл ва хулқу атвори одам дар раванди ҳаёташ рушду такомул меёбад. Бале, дар такмили инсон нақши одоби муошират, таълим ва тарбия хело муҳим мебошад. Дар таърихи илму фарҳанги ниёгони гузаштагонамон масъалаҳои ахлоқӣ ва одоби муошират хеле васеъ инъикос  ёфтааст. Бояд, инсони комил тибқи талабот шахсияти ҳамаҷониба рушдгардида ҷисман солим,ахлоқи пок, руҳан ғанӣ ва дар одоби муошират намунаи дигарон бошад.

       Гуфтан ба маврид аст, ки муошират чанд навъ дорад, муоширати дӯстон,хешу табор,ҳамкасбон ба монанди инҳо инчунин бо китоб мебошад. Ҳоло бошад дар даврони муосири  навъи муоширати шабакавӣ қаноатмандии инсонро таъмин менамояд, қарор дорем. Дар асл беҳтарин намояндагони илму адаб, фарҳангу таърих, бузургтарин шахсиятҳо кӯшиш намуданд,ки инсонро ба роҳи рост, некию накӯкорӣ, адлу инсондӯстӣ ва дигар хислатҳои ҳамида бо воситаи муошират ҳидоят намоянд. Бояд инсон бо рафтори шоиста ва одоби писандидаи муошират мақоми сазовори худро дар байни наздикон, дӯстон ва тамоми аҳли ҷомеа пайдо кунад.

    Инчунин одобу ахлоқ яке аз зумраи намунаҳои зиндагӣ мебошад, ки ҳанӯз аз овони кӯдакӣ бо аллаи модар оғоз ёфта дар муҳити оила ривоҷу равнақ меёбад. Агар ҳангоми одоби муошират меъёрҳои одитарини суҳбати байниҳамдигарӣ риоя гардад, он гоҳ калонсолон дарк карда метавонанд, ки фарзанд дар оила тарбияи хело хуб гирифтааст. Баъзе ҳолатҳо мешавад, ки оиди риоя нагардидани меъёрҳои одоби муошират ҳамсуҳбат кӯшиш менамояд, ки зудтар суҳбатро анҷом диҳад.Ё худ дар баъзе вохӯриҳо бо шинос ҳамсуҳбат мешавед,одоби муоширатро риоя накарда муаммоҳои шахси дигарро ба миён гузошта шахсро нороҳат мекунад,ки хилофи одоби муошират мебошад.

     Дигаре бошад, тарзи одоби муошират дар оила байни ҳаммаслакон, дӯстон, дар кӯча,боғи фарҳангӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бояд аз ҳамдигар фарқ карда бошад. Дар ҳама ҷой ва дар ҳар гуна маврид кӯшиш намоем,ки суҳбат ё муошират дар сатҳӣ зарурӣ мухтасаран кӯтоҳ баргузор гардад. Ҳоло бошад,шабакаи интернетӣ ба ҳамагон дастрас аст ва тарзи нави муошират рӯйи кор омадааст,ки онро муоширати шабакавӣ мегӯянд.Бояд гуфт,ки аз ҷониби ширкати мобилииTCЕLL мавҷи истифодабарии шабакаи иҷтимоии WI-FI паҳнкунандаи интернет ройгон барои истироҳати бофароғати истироҳаткунандагони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ пайваст гардидааст,ки дар ҳолати оромии сайру гашт метавон ,озодона  дар алоқаи муоширати шабакавӣ пайваст шуда бошанд. Лек,тарзи муоширати баъзе аз табақаҳои аҳолӣ, хусусан наврасон ва ҷавонон, ки ҳар лаҳза аз он истифода мебаранд ба чашм мерасад. Бахусус,наврасону ҷавонон бештар бо барномаҳои шабакаи интернетӣ маъруфанд, ки аз он истифода мебаранд. Онҳо бо ёрии барномаҳои шабакавӣ аз масофаҳои гуногун муошират намуда бо ҳамдигар шиносоӣ пайдо мекунанд,мукотиба барқарор ва ҳатто дар реҷаи онлайн тавассути дурбинҳои компютерӣ гуфтугӯи рӯ ба рӯ анҷом медиҳанд.Агар баъзе аз онҳоро арзёбӣ кунем,қариб ки ба талаботи меъёри одоби муошират ҷавобгӯ нестанд. Чунки баъзе аз ҷавонон,бахусус наврасони мактабхон ҳангоми муошират дар шабакаи интернетӣ ё телефони мобилӣ бо суханони дағаломез, бемаърифатӣ суҳбатро анҷом медиҳанд. Бояд гуфт,ки тарзи муоширати байниҳамдигарӣ дар шабакаҳо амалӣ мешаванд, эҳтимолияти шунидан,хондан  ва ё дидан доранд,чунки шабакаи интернетӣ моли омма ва дастраси умум мебошад.Аз ин рӯ,мо бояд ҳангоми муошират дар шабакаҳо риояи меъёрҳои мукотибот ва суҳбатгузориро фаромӯш насозем.

   Дар маҷмӯъ бештар ба сатҳи баланди одобу ахлоқи муоширати фарҳангӣ талош варзем, зеро рисолати аслии мо  ин нигоҳ доштани  одоби муошират мебошад.

 

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилооти

МД.МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

 

 

 

 

 

    

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООдоби муошират
Scroll to Top