Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди меҳмонон аз Ҷумҳурии Адигеяи Федератсияи Россия

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Дар доираи муносибати робитаҳои дипломатии ду кишвар Тоҷикистон бо Федератсияи Русия,санаи 11-июли соли равон  гурӯҳи бисёрнафараи намояндагони илму фарҳанг бахшида ба муносибати Рӯзи фарҳанги Русия дар Тоҷикистон,дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардид.Гуфтан ба маврид аст,ки таҳти сарварии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Манучеҳр Муртазо ва намояндаи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари раёсати санъат Каримова Салимабону ва меҳмонони Федератсияи Русия бо роҳбарии Ходжаев Аслан Мурадинович ансамбли давлатии академии рақси халқии  “Нальмэс”- Ҷумҳурии Адигея,  аз  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд. Нахуст Омири кулли муасисса Иброҳим Иброҳимов ташрифи меҳмононро хайру мақдам гуфта, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон падидаи беназири фарҳангии байни ду кишвар арзёбӣ намуд.Сониян, меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, роҳбалад Сайфиева Шарифахон сайри илмӣ гузаронида аз мероси таъриху фарҳангӣ ниёгон ошно намуд.Ёдовар шуд,ки меҳмонон таассуроти худро ба китоби ”Меҳмонони фахрӣ” соядаст намуданд.Аз ҷумла, гуфта шудааст;”Ансамбли давлатии академии рақсии халқии “Нальмэс” арзу сипос қиҳати истиқболу хайру мақдам,оид ба гузаронидани сайри илиӣ ва меҳмоннавозии халқи тоҷик сипосу миннадорӣ менамоем.То боздид.11.07.2023”. Сипас, меҳмонон  аз Осорхонаи бостоншиносӣ ба номи  академик Нугмон Неъматов, Боғи фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ, муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ,мақбараи рамзии Камоли Хуҷандӣ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз наздик шинос  ва аксҳои хотиравӣ бардошт намуданд.

Бояд гуфт,ки моҳияти муносибатҳои фарҳангии байни ду кишвар иборат аз баланд бардоштани сатҳи ҳуввияти миллӣ,ошнои аз таърихӣ халқи тоҷик ва ифтихори давлатдории тоҷикон,пос нигоҳ доштани муқаддасоти тамаддуни халқи тоҷикон мебошад.

          Мусаллам аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон гиромидошти фарҳанг гаравӣ дар оянда нигоҳ доштани муносибати дуҷониба ва ҳамкории ду кишвар такони тозаи фарҳангӣ хоҳад бахшид.

  Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот.

          

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди меҳмонон аз Ҷумҳурии Адигеяи Федератсияи Россия
Scroll to Top