Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК»

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ. Нашри солҳои 1928-1929. Даҳ шумораи аввали рӯзнома бо номи «Овози тоҷики камбағал» нашр гардидааст. Андозааш 44х60см.  Дар фонди осорхона маҳфуз аст.

Бознашр аз рӯзномаи «Овози тоҷик»: 

                 Ҳисоботи Раиси комиҷроияи марказии ҷумҳурияти шӯрои Мухтори Тоҷикистон рафиқ Нусратулло Махдум аз фаъолияти ҳукумат    

   Миллати тоҷик дар замони ҳукумати амирӣ дар ҳолати вазнин қарор дошта, андозҳои гуногун ва бисёр медод. Агар касе аз додани ягон андоз саркашӣ мекард, маъмурони амир ба сарурӯяш бо  қамчин мезаданд. Вале сиёсати миллии ҳукумати Шӯроӣ, Тоҷикистонро ба дурахшонтарин дараҷаи иқтисодию иҷтимоӣ ва маданӣ расонид. Иттифоқи Шӯроӣ ба ҷумҳурияти ҷавони Тоҷикистон ёриҳои моддӣ дода, сабаби ободии ин мамлакати хароб гардид. Иттиҳоди Шӯроӣ дар муддати 3 сол ба Тоҷикистон 20 млн. сӯм пул додааст. То порсол дар Тоҷикистон сохтмони дурусти Шӯроӣ мавҷуд набуд. Ҳол он, ки  ҳозир корҳо тамоман ба таври дигар аст.

  Нусратулло Махсум нишон медиҳад, ки дар соли 1925 мактабҳои бисёре бо усули тоза кушода шуд. Акнун мактабҳои шӯроӣ доманаи мактабҳои кӯҳнаро торафт тангтар намуда, боиси барҳам хӯрдани онҳо мешаванд.

   Имсол дар Тоҷикистон 145 мактаб, 10 хонаи бачагон, 90 мактаби маҳви бесаводӣ кушода шудааст, ки дар онҳо 6000 бача мехонданд. Ҳамчунин чойхонаҳои сурх, курсҳои камсаводон, мактаби шӯроӣ фирқагӣ, курсҳои пионерон ва комсомолон, техникумҳои таълим ва тарбия таъсис шудааст.

Чун инро ба назар бигирем, ки вақти тақсими ҳудуди мамлакатҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон 3 мактаб ва 3 хонаи бачагон мавҷуд буд. Мебинем, ки муваффақиятҳои мо дар олами маориф бузург мебошад. Ҳамчунин дар бораи нигаҳдории тандурустӣ ҳам муваффақиятҳои мо кам нест. Зеро дар соли 1924-1925 дар Тоҷикистон 5 беморхона буд. Дар соли 1926-27 шумораи онҳо ба 10 расид. Агар дар соли 1924-1925 дар он беморхонаҳо барои 115 бемор хобгоҳ бошад, дар соли 1926-1927 барои 210 бемор хобгоҳ мавҷуд аст. Дуруст аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 200000 нафар аҳолӣ 1 амбулатория меафтад. Вале ҳукумат дар бораи таррақӣ додани корҳои нигаҳдории тандурустӣ дар деҳот чораҳои лозимиро ба кор мебарад.

Рафиқ Нусратулло Махсум нутқи худро бо қарсакзаниҳои бошиддат ба анҷом расонид.

Сарчашма: аз рӯзномаи «Овози Тоҷик» шумораи №223 санаи 22 апрели соли 1928 рӯзи якшанбе.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК»
Scroll to Top